Дидори Президент Раҳмон бо раиси БТТУ
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сума Чакрабартӣ, раиси Бонки Таҷдиду Тавсеъаи Урупо (БТТУ) дидор ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ин ниҳоди байналмилалии молиро баррасӣ кардааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, то ҳол Тоҷикистон бо ин бонк дар бахшҳои иқтисод ва рушди сармоягузорӣ мувофиқатномаҳои мухталиферо имзо кардааст, ки ҳазинаи умумии онҳо болиғ ба 700 милюн дулор будааст.
Феълан тарҳҳои Бонки Таҷдиду Тавсеъаи Урупо дар бахшҳои энержӣ, низоми бонкдорӣ, таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ ва бахши хусусӣ дар Тоҷикистон бо маблағи умуми беш аз 500 милюн дулори омрикоӣ иҷро мешаванд.
Зимнан, Сума Чакрабартӣ дар ҷаласаи Шӯрои машваратии беҳсозии фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ки рӯзи душанбеи 17 ноябр, таҳти раёсати Президент Раҳмон баргузор шуд, ширкат кардааст.
Оқои Чакрабартӣ зимни ибрози назар дар ин ҷаласа, ба нақши БТТУ дар “беҳсозии фазои сармоягузорию соҳибкорӣ дар Тоҷикистон” таъкид карда ва гуфтааст, ин бонк фаъъолияташро дар ин замина идома хоҳад дод.
