Дидори Президент Раҳмон бо мақомоти хориҷӣ
Image copyrightBBC World ServiceДар ҳошияи нахустин ҳамоиши сармоягузории кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон бо мақомоти кишварҳои хориҷӣ ва ниҳодҳои молии байналмилалӣ дидору гуфтугӯ кард.
Бино ба хабари дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мулоқот бо Иёд Амин Маданӣ, Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ мавзӯъи истифодаи муассир аз зарфияти молӣ ва сармоягузории Бонки Тавсеъаи Исломӣ, Сандуқи ҳамбастагии исломӣ, Идораи вижаи кумакҳои башардӯстона ва ниҳодҳои дигари ин созмон ба кишварҳои дар ҳоли рушди мусалмонӣ матраҳ шудааст.
Ин масъала дар дидори Президент Раҳмон бо Аҳмад Муҳаммад Алӣ, раиси Бонки Тавсеъаи Исломӣ (БТИ) низ баррасӣ шудааст.
Оқои Алӣ омодагии ин бонкро барои мусоъидат дар ҳалли мушкилоти иқтисодии кишварҳои мусалмонӣ, бахусус, Афғонистон иброз доштааст.
Ҳамчунин, БТИ дар садад аст, дар иҷрои тарҳҳои минтақавии хатти интиқоли нерӯи барқи “CASA-1000” ва роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ширкат кунад.
Зимнан, то ҳол Бонки Тавсеъаи Исломӣ ба миқдори 210 милюн дулор ба Тоҷикистон вомҳои имтиёзнок ва кумакҳои фаннӣ ироа карда ва ҳамакнун чанд тарҳи ин бонк дар бахшҳои энержӣ, нақлиёт, обрасонӣ ва маорифу беҳдошти Тоҷикистон, ки ҳазинааш беш аз 145 милюн дулор аст, дар маърази иҷро қарор доштааст.
Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон бо Атиқуллоҳ Атифмол, муъовини вазири хориҷаи Афғонистон, Туркӣ ибн Сауд ал-Кабир, муъовини вазири хориҷаи Арабистони Саъудӣ ва Абдулло Ғаббош, вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб дидор ва масоили мавриди баҳси тарафайнро баррасӣ кардааст.
