Ҳушдори Раҳмон дар бораи фаъъолияти "ашхос ва гурӯҳҳои ифротгаро"

  • 10 Ноябр, 2014
Эмомалӣ РаҳмонImage copyrightBBC World Service
Image caption Ба гуфтаи оқои Раҳмон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ пулиси Тоҷикистон 79 нафарро ба иттиҳоми узвият дар 20 гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ, ки ба созмон ва ҳаракатҳои ифротгароёна иртибот доштаанд, боздошт кардааст

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба кормандони ниҳодҳои интизомӣ, қудратӣ ва амниятии кишвар ҳушдор дод, ки дар баробари фаъъолияти гурӯҳҳои ифротгаро дар кишвар мухтот бошанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин бора дар маросими расмии таҷлил аз Рӯзи пулис дар шаҳри Душанбе сӯҳбат кард.

Ӯ гуфт, кормандони пулис бояд бо ниҳодҳои қудратӣ ва амниятиву марзбонӣ барои ҷилавгирӣ аз вуруди ашхос ва гурӯҳҳои ифротгаро ба қаламрави кишвар ва ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба созмонҳои турруристӣ ва ҷанг дар кишварҳои хориҷӣ ҳамкорӣ кунанд.

Ба гуфтаи оқои Раҳмон, дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ пулиси Тоҷикистон 79 нафарро ба иттиҳоми узвият дар 20 гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноӣ, ки ба созмон ва ҳаракатҳои ифротгароёна иртибот доштаанд, боздошт кардааст.

Оқои Раҳмон дар иртибот ба ин мавзӯъ аз мавриди иҷро қарор гирифтани Қонуни тозаи авф дар Тоҷикистон ёдовар шуд, ки қарор аст бар асоси он 10 ҳазор нафар аз зиндонҳои кишвар озод шаванд.

Ӯ гуфт: “Вазифаи пеш аз ҳама, мақомоти корҳои дохилӣ аз он иборат аст, ки шахсони аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ рухсатшударо ба қайд гирифта, ба онҳо дар бобати таъминот бо шуғл ва умуман ҳамгироӣ бо ҷомеа ва зиндагиву фаъолияти осоишта кумак расонанд.”

Чанд ҳафта қабл Эмамалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар нишасти сарониИттиҳоди Давлатҳои Мустақили Ҳамсуд дар Минск пешниҳод карда буд, ки нерӯҳои вижаи кишварҳои мустақили ҳамсуд бояд фаъъолиятҳои худро ба сурати фаврӣ дар муқобала бо Доъиш ҳамоҳанг кунанд.

Ӯ пешниҳод карда, ки нерӯҳои вижаи кишварҳои ҳамсуд бояд дар якҷоягӣ алайҳи гурӯҳҳои "Давлати исломӣ" мубориза кунанд ва ба нерӯҳои вижа бояд фавран дастурҳои мушаххас барои аз байн бурдани "Давлати исломӣ" дода шаванд.

Рӯзи 10-уми ноябр дар маросими таҷлил аз Рӯзи пулис дар шаҳри Душанбе низ оқои Раҳмон бар ин ки созмонҳои ҷиноии муосир аз роҳу равишҳои ҷадид барои ҷалби афрод ба суфуфи хеш истифода мекунанд, таъкид кард ва кормандони интизомиро дар ин замина ба зиракӣ даъват кард:

“Ҳар як корманд ва хизматчии ҳарбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вазифадор аст, ки барои ҳифзи манфиатҳои давлату миллати худ аз хатару таҳдидҳои имрӯза ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошад.”

Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи пулис аз кору фаъъолияти пулиси кишвараш тақдир кард. Ӯ гуфт: “Маҳз бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номуси Ватан даҳҳо гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин садҳо нафар ҷинояткорони хавфнок боздошт ва ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.”

Оқои Раҳмон афзуд, ки дар ивази кор ва садоқати пулиси ин кишвар ба миллат давлати Тоҷикистон барои беҳбуди шароити зисти ин ниҳодҳо мекӯшад.

Ба гуфта вай, дар Рӯзи пулис ба 50 корманди пулис манзил дода шудааст. Ӯ афзуд, дар тӯли соли ҷорӣ давлат ба 650 хонаводаи кормандони ниҳодҳои интизомӣ манзил ва ё қитъаи замин тахсис додааст.

Вазорати кишвари Тоҷикистон ба манзури таъмини кормандони худ бо манзил дар шаҳри Душанбе бо маблағи ҳудуди 12 милюну 80 ҳазор сомонӣ (ҳудуди дуву ниммилиюн дулор) сохтмоне нӯҳошёна бунёд карда ва қарор аст, дар соли 2015 боз се бинои дигари 12 - 16 ошёна бунёд кунад.

Оқои Раҳмон ёдоварӣ кард, ки дар 10 соли ахир ҳуқуқи кормандони ниҳодҳои интизомӣ дар Тоҷикистон 20 баробар афзоиш ёфтааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳамзамон бо қироъати табрикоти худ ба кормандони пулис, дар бораи мизони ҷиноят дар кишвар сӯҳбат кард.

Ба гуфтаи оқои Раҳмон дар 9 моҳи соли ҷорӣ 15 ҳазор ҷиноят дар Тоҷикистон сабт шудааст, ки 570 маврид камтар аз соли гузашта будааст, аммо афзуд, ки танҳо 87 дарсад аз ин ҷиноёт то ҳоло ошкор шудааст.

Матолиби муртабит