Фасоди идорӣ "монеъи пешрафти иқтисодӣ ва коҳиши сармоягузорӣ" дар Афғонистон аст

  • 9 Декабр, 2014
Image copyrightUN
Image caption Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасоди имсол бо шиъори "Занҷири фасодро пора кунед" таҷлил мешавад

Муассисаи ҳамкорӣ барои сулҳ ва тараққӣ, ки бо шиъори "Афғонистон холӣ аз фасод" имрӯз аз рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод таҷлил кард, мегӯяд, ки фасоди идорӣ монеъи пешрафти иқтисодӣ ва коҳиши сармоягузорӣ дар ин кишвар шудааст.

Ин ниҳод афзуда, ки мубориза бо фасоди идорӣ дар бахши маъорифро дар дастури кори худ қарор дода ва далели он гузориши соли гузаштаи Дидбони шаффофияти Афғонистон аст, ки фасод дар вазорати маъорифи Афғонистонро дар ҳоли афзоиш гузориш карда буд.

Дар қатъномае, ки имрӯз тавассути ин ниҳод содир шуд, омада, ки вазорати маъориф баъд аз вазорати дифоъ ва дохила бештарин будҷаи давлати Афғонистонро ба худ ихтисос дода ва мубориза бо фасод дар ин ниҳод кумак хоҳад кард, ки будҷаи ҳангуфти давлати Афғонистон ҳадар нарафта ва ба раванди омӯзиш ба масраф расад.

Ин муассиса бурукросии густарда, набуди назорати лозим, таҳияи феҳристи муъаллимони хиёлӣ, муъалимоне ҳуқуқбигир ҳастанд, ки вуҷуди хориҷӣ надоранд ва адами дастрасии лозими мардум ба маълумоти ҳақиқӣ дар ин вазоратро аз решаҳои фасод дар ин ниҳод эълом кардааст.

Ин ниҳод ба манзури ҷилавгирӣ аз фасод дар вазорати маъорифи Афғонистон, хоҳони ислоҳот дар ин вазорат шуда ва гуфтааст, ки эҷоди ҳукумати электруникӣ яке аз роҳкорҳо ба манзури ҷилавгирӣ аз фасод дониста шудааст.

Шаффофият дар баргузории имтиҳоноти вурудӣ ба донишгоҳҳо, тавзеъи одилонаи бурсҳои таҳсилӣ, шаффофият дар наҳваи масрафи будҷаи вазорати маъориф ва ҳаққи дастрасии мардум ба иттилоъот аз дигар пешниҳодоти ин ниҳод барои мубориза бо фасоди идорӣ дар бахши омӯзишу парвариши Афғонистон аст.

Созмони Милал низ бо ташвиқи кишварҳои узв ба мубориза бо фасоди идорӣ афзудааст, ки фасод як падидаи иҷтимоъӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ аст, ки ҳама кишварҳо аз он мутаассир мешаванд.

Ба навиштаи ин ниҳод фасоди идорӣ боъиси заъфи ниҳодҳои демукротик, коҳиши рушди тавсеъа ва боъиси бесуботӣ дар давлатҳо мешавад. Фасод бар сохторҳои ниҳодҳои демукротик таъсир гузошта ва боъиси тахриби раванди интихобӣ, ҷилавгирӣ аз татбиқи қонун ва эҷоди як ботлоқи демукротик мешавад, ки натиҷаи он давом ва тарвиҷи ришва аст.

Созмони Милал афзуда, ки дар ин ҳолат сармоягузорони хориҷӣ ноумед ва тиҷоратҳои кучаки дохилӣ низ ғайримумкин мешавад, зеро онон қодир ба пардохти ҳазинаи шурӯъи фаъъолиятҳо ба далели фасоди мавҷуд нестанд.

Дар 31 декабри соли 2003 Маҷмаъи Умумии Созмони Милал Кунвонсиюни мубориза бо фасодро тасвиб кард. Ҳамчунин ин ниҳод 9 декабрро ба унвони рӯзи мубориза бо фасод номгзорӣ кардааст.

Матолиби муртабит