'Фасод дар Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон коҳиш ёфт'

  • 4 Декабр, 2014
Image copyrightAP
Image caption Эрон ҳамунон дар миёни фосидтарин кишварҳои ҷаҳон радабандӣ шудааст

Дар муқоиса бо солҳои қабл фасоди давлатӣ дар Эрон ва Тоҷикистон андаке ва дар Афғонистон ба мизони ба маротиб бештаре дар соли гузаштаи мелодӣ коҳиш ёфтааст. Ҳар чанд ҳар се кишвар аз назари фасоди дохилӣ ҳамчунон дар радифи фасодтарин кишварҳои ҷаҳон ҷой доранд.

Рӯзи чаҳоршанбеи 3 декабр, гузориши солонаи муассисаи "Шаффофияти Байналмилал" шомили баррасии фасоди идорӣ ва ҳукуматӣ дар кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Эрон, Афғонистон ва Тоҷикистон мунташир шуд.

Бар асоси ин гузориш, аз миёни яксаду ҳафтоду чаҳор кишвар, ки мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд, Эрон дар раддаи 136 қарор гирифтааст. Ин раддабандӣ бар асоси имтиёзоте аст, ки Шаффофияти Байналмилал бо баррасии авомили гуногун барои кишварҳои мухталиф дар назар мегирад, ки барои Эрон дар соли гузашта 27 имтиёз будааст.

Беҳтарин имтиёз 100 ва бадтарин имтиёз сифр аст.

Дар соли қабл аз он имтиёзи Эрон 25 буда ва ба ин тартиб, тайи соли гузашта ин кишвар дар мубориза бо фасод мавқеъият доштааст. Бо ин ҳама, дар муқоиса бо имтиёзи 27 дар соли 2012, дар соли гузашта фасоди идорӣ ва ҳукуматӣ бештар будааст.

Дар ин гузориш, Афғонистон аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки тайи соли гузашта тавонистааст мавқеъияташро беҳбуди қобили таваҷҷуҳе бидиҳад ва бо касби 12 имтиёз, ба раддаи 172 бирасад. Дар соли 2013 ва соли қабл аз он имтиёзи Афғонистон 8 будааст. Албатта мизони фасод дар Афғонистон ҳанӯз бисёр густарда аст ва танҳо кишварҳои Судон, Куреи Шимолӣ ва Сумолӣ дар раддаҳои баъд аз ин кишвар қарор доранд

Image copyrightReuters
Image caption Рушди иқтисодии Чин боъиси коҳиши фасод дар ин кишвар нашудааст

Бар асоси муҳосибаи Шаффофияти Байналмилал дар ҷадвали ҷаҳонии фасод Тоҷикистон бо 23 имтиёз дар раддаи 152 қарор дорад. Имтиёзи ин кишвар дар солҳои 2013 ва 2012 баробари 22 буда ва дар натиҷа соли гузашта беҳбуди андаке дар заминаи фасод дар Тоҷикистон дида шудааст.

Бар асоси ин ҷадвал кишварҳои Комерун (раддаи 136), Покистон (126) ва Қазоқистон (127) аз ҷумлаи чанд кишваре ҳастанд, ки шароити онҳо аз Эрон беҳтар будааст ва Ниҷерия (136) Русия (137) ва Банглодеш (145) аз кишварҳое ҳастанд, ки шароити бадтаре нисбат ба Эрон доштаанд, Чин дар раддаи 100 дар миёни кишварҳои дигар қарор дорад.

Солимтарин кишварҳои ҷаҳон иборатанд аз Донморк (бо 192 имтиёз дар раддаи 1) Зелонди Нав (91 имтиёз раддаи 2), Финлонд (89 имтиёз раддаи 3). Конодо (81 имтиёз дар раддаи 10) Бритониё (78 имтиёз дар раддаи 14) ва Омрико бо (184 имтиёз дар раддаи 17) ҷой гирифтаанд.

Яке аз боризтарин натоиҷи баррасии соли гузашта, боло будани мизони фасод дар бархе кишварҳои дорои иқтисоди шукуфо монанди Чин, Туркия ва Онгуло аст, ки тайи сол имтиёзотеро аз даст доданд. Ба гуфтаи мудири Шаффофияти Байналмилал шохиси ҷаҳонии фасод дар соли гузашта нишон медиҳад, ки "агар раҳбарон ва мақомоти аршади кишваре аз мақеъияти худ барои сарватандӯзӣ истифода кунанд, рушди иқтисодӣ ҳам наметавонад монеъ аз фасод шавад."

Ин гузориш аз мавқеъияти баъзе кшварҳо дар мубориза бо фасод хабар додааст. Миср, Соҳили Оҷ, Урдун ва Молӣ аз ҷумлаи кившарҳои муваффақ дар ин замина будаанд.

Муассисаи Шаффоияти Байналмилал дар соли 1993 бо ҳадафи шиносоӣ ва иттилоърасонӣ дар мавриди мизони фасод дар кишварҳои мухталиф ба унвони як созмони ғайридавлатӣ таъсис шуд. Маркази ин муассиса дар Олмон аст.

Ин муассиса ҳарсола "Шохиси истинботи байналмилалӣ аз фасод"-ро бар асоси назархоҳии муассисоти муътабар дар кишварҳои мухталиф тадвин ва бар асоси он кишварҳои ҷаҳонро аз назари саломат ва фасоди дохилӣ раддабандӣ мекунад.