Рӯҳонӣ: Вақте туфанг, пул ва расона дар ихтиёри як ниҳод бошад, фасод меоварад

  • 8 Декабр, 2014
Image copyrightTASNIM

Раиси ҷумҳури Эрон тамаркузи қудратро омили фасод дониста ва аз ҷамъ шудани туфанг, пул, қудрат ва расонаҳо дар дасти як ниҳод интиқод кардааст.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳамоиши мубориза бо фасод, ки бо ҳузури сарони се қувва баргузор шуд, таъкид кардааст: "Агар туфанг, рӯзнома, қудрат ва хабаргузориро дар як ниҳод ҷамъ кардем, Абӯзар ва Салмон ҳам бошад, фосид мешавад."

Ба назар меояд ишораи оқои Рӯҳонӣ ба Сипоҳи Плсдорони Инқилоби Исломӣ аст, ки илова бар фаъъолияти низомӣ дар заминаҳои иқтисодӣ ва расонаӣ ҳам нақши фаъъоле дорад.

Ба таъбири раиси ҷумҳурии Эрон, мардум ду назар дар бораи фасод доранд; мардум ё меандешанд, ки "масъулон медонанд ва дар баробари фасод намеистанд, пас худ олуда ҳастанд" ё тасаввур мекунанд, ки "масъулон дар мубориза бо фасод нотавон ҳастанд."

Оқои Рӯҳонӣ мегӯяд, ки дар ҳар ду маврид аз нигоҳи мардум, кулли низом ва инқилоб зери суол меравад ва давлати исломиро нокоромад ҷилва мекунад, чаро ки ба эътифоди ӯ, решакан кардани фасод аз аҳдофи инқилоб буда, ки муҳаққақ нашудааст.

Ӯ бо таъкид бар зарурати назорат барои мубориза бо фасод ва таҷаммуъи қудрат ба нақши назоратии Маҷлиси хибрагон бар раҳбарии Ҷумҳурии Исломии Эрон ишора кард ва гуфт: "Ҳатто билохира мақоми кишварамон ҳам бар Қонуни асосӣ иҳтимом дорад."

Дар ибтидои ҳамоиши мубориза бо фасод Исҳоқи Ҷаҳонгирӣ, муъовини аввали раиси ҷумҳурии Эрон, гуфт аз раҳбари Эрон хоста паёме ба ҳамоиши мубориза бо фасод бифиристад.

Ба гуфтаи оқои Ҷаҳонгирӣ, Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ, раҳбари Эрон, дар ҳошияи тақозономаи ӯ навиштааст: "Ин семинорҳо ва амсоли онҳо чи мушкилеро ҳал мекунад? Магар барои масъулони се қувва вазъияти феълӣ мушаххас нест?"

Муъовини аввали раиси ҷумҳури Эрон мегӯяд, раҳбари Эрон дар айни ҳол таъкид карда, ки "чи бо ин семинор ва чи бе он, бидуни ҳар гуна мулоҳизае барои мубориза бо фасод тасмим гирифта шавад."

Дар ин ҳамоиш Содиқи Лорниҷонӣ, раиси қувваи қазоияи Эрон, ҳам ҳузур дошт. Ӯ гуфт, набояд фасод тавре бузургнамоӣ шавад, ки осори мухарриб дошта бошад.

Оқои Лориҷонӣ изофа кард: "Масъулони мо набояд фикр кунанд ҳар гоҳ сареътар ададу рақамеро дар хусуси вуқӯъи фасоде эълом карданд, ба мафҳуми ин аст, ки пештоз ҳастанд."

Матолиби муртабит