Ду сенотури омрикоӣ хостори таҳрими раҳбар ва раиси ҷумҳурии Эрон шуданд
Image copyrightREUTERSДу сенотури ҷумҳурихоҳ рӯзи панҷшанбеи 10 июл пешнависи тарҳеро барои ташдиди таҳримҳои Эрон ироа карданд, ки на дар ҳавзаи атумӣ, балки дар арсаи ҳуқуқи башар аст.
Сенотур Морк Кирк ва сенотур Морку Рубиу қасд доранд, ки бо тасвиби ин тарҳ Оятуллоҳ Алии Хоминаӣ ва Ҳасани Рӯҳонӣ, раҳбару раиси ҷумҳурии Эронро ҳам ба феҳристи таҳримшудагони Иёлоти Муттаҳида изофа кунанд.
Давлати Омрико дар чанд соли гузашта шуморе аз мақомҳои аршадҳи Эрон, аз ҷумла Ҳайдар Муслиҳӣ, вазири иттилоъоти собиқ, Муҳаммадризо Нақдӣ, фармондеҳи басиҷ ва Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ, додситони Теҳронро ба иттиҳоми нақзи ҳуқуқи башар таҳрим кардааст.
Ин дар ҳолест, ки мақомҳои Ҷумҳурии Исломӣ якчунин иқдомотеро дорои ангезаи сиёсӣ ва дахолат дар умури дохилии Эрон медонанд.
Давлати Борок Убомо ҳанӯз дар бораи пешнависи тарҳе, ки қасд дорад доманаи таҳримҳои ҳуқуқи башарии Эронро густарда кунад, изҳори назар накардааст. Бо ин ҳол, баъзе аз нозирон пешбинӣ мекунанд, ки тасвиби якчунин тарҳе метавонад баҳсбарангез шавад.
Алии Афшорӣ, фаъъоли сиёсӣ дар Вошингтун ба Би-би-сии форсӣ мегӯяд: "Чунин тарҳе агар тасвиб бишавад, билтабъ дар мизони ҳамкории Ҷумҳурии Исломӣ дар ҳалли масъалаи атумӣ таъсири манфӣ хоҳад гузошт, вале аз он тараф ҳам фишори бештареро дар ҳавзаи ҳуқуқи башарӣ эҷод мекунад, ки то ҳадде метавонад таъсири боздоранда дошта бошад."
Ӯ меафзояд: "Аммо то кунун Ҷумҳурии Исломӣ нисбат ба ин таҳримҳои ҳуқуқи башарӣ мавзеъи мухолифе дошта ва аз сӯйи дигар ин таҳримҳо бештар ҷанбаи нумодин доранд, чунки раҳбарии Ҷумҳурнии Исломӣ асосан аз марзҳои ҷуғрофиёии Эрон хориҷ намешавад."
Ду сенотури омрикоӣ ҳамчунин дар назар доранд, ки як дафтари ҳамоҳангкунанди умури марбут ба ҳуқуқи башар ва демукросии Эрон таъсис кунанд, ки аз будҷаи ҳадди ақал 32-милюндулорӣ бархӯрдор хоҳанд буд.
Ба гуфтаи онҳо, аз замони раиси ҷумҳурӣ шудани Ҳасани Рӯҳонӣ, давлати Борок Убомо фақат як мақоми эрониро ба иттиҳоми нақзи ҳуқуқи башар таҳрим карда, ки аз назари онҳо кофӣ нест.
Бо вуҷуди баҳсҳо ва интиқодҳои дохилӣ ба назар мерасад, ки давлатҳои Борок Убомо ва Ҳасани Рӯҳонӣ феълан бар музокира барои ҳаллу фасли муноқишаи ҳастаӣ таъкид доранд.
Давлат барои бардоштани таҳримҳо бо кунгре машварат кунад
Дар ҳоле ки Омрико ва қудратҳои бузурги ҷаҳон дар Виени Утриш барои ҳаллу фасли муноқишаи атумииЭрон гуфтугӯ мекунанд, садҳо узви кунгреи Омрико бо имзои номае аз Борок Убомо хостаанд дар мавриди коҳиши эҳтимолии таҳримҳои Эрон бо онҳо машварати бештаре анҷом бидиҳад.
Бино бар тавофуқи муқадамотии гуфтугӯҳои ҳастаӣ, ки дар моҳи ноябри 2012 дар Женеви Суис байни Эрон ва қудратҳои бузург имзо шуд, Омрико ва соири аъзои Гурӯҳи панҷ ба иловаи як бояд дар тавофуқи ниҳоӣ, тамоми таҳримҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эронро лағв кунанд.
Кунгреи Омрико сарчашмаи вазъи сангинтарин таҳримҳои нафтӣ ва бонкӣ алайҳи Эрон аст, вале дасти Кохи Сафедро ҳам барои таълиқи бисёре аз таҳримҳо боз гушодааст.
