Сабти кумакҳои хориҷӣ: Давлат аввал шаффофияти худашро таъмин кунад!

  • 5 Декабр, 2014
ҷомеъаи маданӣImage copyrightBBC World Service
Image caption Коршиносон нигаронанд, ки тарҳи ислоҳи қонун дар бораи созмонҳои ғайридавлатӣ талоши давлат барои "кашидани лаҷоми" ҷомеъаи маданӣ аст

Дар ҳоле ки тарҳи Вазорати адлияи Тоҷикистон барои ислоҳи Қонун дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ (созмонҳои ғайридавлатӣ) дар дасти баррасӣ аст, коршиносон ин тарҳро бемантиқ ва як навъ талоше барои мудохилаи давлат дар фаъъолияти ҷомеъаи маданӣ мехонанд.

Тибқи ин тарҳ, ҳамаи кумакҳои молии ниҳодҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ ба созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон дар шакли "грант" ё "хайрия" бояд аввал дар феҳристи давлатии кумакҳои башардӯстона сабт шаванд. Аммо мухолифони ин тарҳ мегӯянд, ки ин мудохилаи ошкори давлат дар умури ҷомеъаи маданӣ ва хилофи усули демукросӣ буда ва нишонае аз тамоюли давлати Тоҷикистон ба самти истибдод аст.

Ахиран ҳудуди 90 созмони ғайридавлатӣ ва байналмилалӣ бо ирсоли номае муштарак ба давлати Тоҷикистон аз ин тарҳ интиқод карда ва нивиштанд, ки "ин тарҳи қонун бо истондордҳои байналмилалӣ муғойират дошта ва фаъъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистонро таҳдид мекунад."

Дар поёни ин нома се дархост унвонии давлати Тоҷикистон ироа шудааст: 1) давлат аз тасвиби тарҳи ислоҳи қонун дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ худдорӣ кунад, 2) ҳама гуна иловаҳо ва тағирот ба ин қонун бо ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ҳамоҳанг шавад ва 3) аз туҳмат алайҳи созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳадафи фаъъолияти онҳо худдорӣ шавад.

Мақомоти Тоҷикистон муддаъӣ ҳастанд, ки созмонҳои ғайридавлатӣ аз ёригарони хориҷӣ кумакҳои ҳангуфте дарёфт мекунанд, вале кори муассире анҷом намедиҳанд ва ин кумакҳоро ба истилоҳ"обу лой мекунанд."

Аммо намояндагони созмонҳои ҷомеъаи маданӣ мегӯянд давлатро лозим аст аввал ба фикри шаффофияти фаъъолияти худаш, аз ҷумла корхонаҳо ва идораву муассисоти вобаста ба давлат бошад, зеро фасоди густарда дар ин муассисот аст, ки зиндагии мардумро табоҳ кардааст.

Дар ин бора назароти бархе аз соҳибназаронро дар зер мутолеъа кунед:

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқдон:

"Фикр намекунам, ки ҳар созмони ғайридавлатӣ бо 5 ё 6 корманд, ки пулашон на он қадар калон аст, ба фаъъолиятҳои ифротгароёна ё ҷосусӣ машғул шаванд. Ин баҳонае ҳаст аз ҷониби давлат, ки мехоҳад, созмонҳои байналмилалиро сиёсатзада кунанд. Ҷомеъаи мо беш аз ҳад сиёсатолуда шуда, ҳамаи муассисаҳо, ҳатто мактабҳо сиёсӣ шудаанд, ки ин нодуруст аст. Ҳол он ки барои ба сиёсат машғул шудан ниҳодҳои махсус ҳаст.

Аслан, тӯли даҳсолаҳо дар ҷомеъаи Тоҷикистон ташкилотҳои ғайридавлатӣ кор кардаанд, ки вазъи ҳуқуқи инсон камтар хуб шуд. Маҳз ҳамин гранту барномаҳои созмонҳои ғайридавлатӣ буд, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҳимояти молӣ шуда, ба фаъъол шудани ҷомеъаи шаҳрвандӣ мусоъидат кард.

Ин дахолати ҳукумат дар фаъъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ аст. Фазоеро, ки ҳоло ин созмонҳо доранд, давлат мехоҳад маҳдуд кунад. Зеро созмонҳои ғайридавлатӣ гузоришҳо таҳия мекунанд, маълумот медиҳанд аз ҳуқуқи инсон ё дигар масъалаҳо ҳам ба Созмони Милал, ҳам ба дигар созмонҳои байналмилалӣ, аммо ҳукумат мехоҳад лаҷоми онҳоро ба даст бигирад, то сирри мақомот ба берун наравад ва қонунҳое, ки мақомот нақз мекунанд, берун аз кишвар гузориш нашавад. Ин раванд нодуруст аст.

Дар муқоиса бо дигар кишварҳои минтақа мо камтар пешрафтаем, дар матбӯъот ва шабакаҳои иҷтимоъӣ имрӯз гуногунандешӣ дорем, аммо инро мехоҳанд аз мо бигиранд. Гӯё ин ҳама барои ҳисобот бошад, ҳол он ки ҳамасола ҳар созмони ғайридавлатӣ ба ниҳодҳои давлатӣ, вазорати адлия, андоз ва дигарон ҳисобот (гузориш) медиҳанд. Ин баҳонае беш нест барои дахолат ва кунтрули созмонҳои ғайридавлатӣ. Ин ягона арсае ҳаст имрӯз, ки мустақил аз давлат фаъъолият мекард, акнун мехоҳанд лаҷоми инҳоро ҳам бигиранд ва маҳдуд кунанд.

Аммо дар хусуси маблағгузории фаъъолияти теруристӣ ва ифротгароӣ - бале, ҳамаи давлатҳо бояд амнияти миллиро таъмин кунанд ва ин кори саҳл нест, аммо барои муттаҳам кардани созмонҳои ғайридавлатӣ ягон асос намебинам. Барои ин гуна корҳо, яъне маблағгузории ифротгароӣ ва терурисм маблағҳои ҳангуфт лозим аст, аммо созмонҳои байналмиллалӣ агар грант (кумакҳои билоъиваз) диҳанд, ҳамон 5 ё 6 ҳазор дулор медиҳанд. Ин чизе нест. Ин панҷ милёрд, ки дар расонаҳо навиштаанд, шомили маблағҳои байналмилалӣ ҳам мешавад, инро бояд дуруст фаҳмем, баъд нависем.

Дигар ин ки пули бештарро созмонҳои байналмилалӣ барои иҷрои тарҳҳои давлатӣ ба давлат медиҳанд. Ва дар ин замина бояд гӯем, ки созмонҳои байналмилалӣ ба кишвари якчашма омада, якчашма мешаванд ва онҳо ҳам фасодзада шудаанд. Дар инҷо суҳбат аз маблағҳои ҳангуфт меравад, на аз созмонҳои ғайридавлатӣ."

Сайфулло Сафаров, коршиноси Маркази мутолеъоти истротежик:

"Гап дар он аст, ки аслан тамоми давлатҳо, дар тамоми кишварҳо, тамоми маболиғеро, ки аз кишварҳои хориҷӣ ба кишварашон ворид мешавад, назорат мекунанд. Ин тақозои ҳамаи кишварҳо ва худи созмонҳои байналмилалӣ аст, ки ҷараёни пулшӯӣ назорат шавад ва мо ҳам бояд вориди ин раванд бошем.

Ин пешниҳоди хуб аст. Дар инҷо ҳеҷ чизи ғайритабиъӣ ба назар намерасад. Ин маънои гирифтани он пул аз дасти созмонҳои ғайридавлатиро надорад, маънои маҳдуд кардани фаъъолияти ин созмонҳоро надорад, ин фақат назорат бар истифодаи маблағҳо аст, ки кори зарурӣ барои ҳар давлат аст.

Шояд ин иқдом таъаҳҳуди давлати Тоҷикистон ба иҷрои кунвонсиюнҳои байналмилалӣ аст. Ман розӣ нестам ба ин ки ин тарҳ баҳонае муқобили созмонҳои ғайрдавлатӣ бошад. Созмонҳое, ки корашон шаффоф ва қонунӣ аст, бояд аз ҳеҷ чиз нигарон набошанд. Қонунҳои мо сахтгиртар аз қонунҳои байналмилалӣ нест. Бозрасиҳое, ки дар дигар кишварҳои хориҷӣ мешавад, шояд дар Тоҷикистон ҳатто вуҷуд надорад."

Нигина Баҳриева, ҳуқуқдон, раҳбари созмони ғайридавлатии Нота-Бене:

"Ба назари ман, ин тарҳи ислоҳи қонун дар бораи зарурати сабти кумакҳои билоъивази хориҷӣ бо таъаҳҳудоти байналмилалии Тоҷикистон дар заминаи озодии иттиҳодияҳо муғойират дорад.

Таъмини озодии инсон, дастрасии созмони ғайридавлатӣ ба кумаки молӣ барои фаъъолият, инҳо ҳама бахши гусастагинопазири озодии иттиҳодияҳо буда ва ҳамчунин бахше аз паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аст, ки Тоҷикистон онро тасвиб кардааст.

Ман дарк мекунам, ки назорат бар шаффофият ва гузориш додан муҳим аст, аммо ин кор аз пеш низ вуҷуд дорад ва бидуни тағйири ин қонун низ анҷом мешавад. Созмонҳои ғайридавлатӣ ҳар сол, ҳар семоҳа ва нимсола ба ниҳодҳои давлатӣ гузориши молӣ медиҳанд. Сабти кумакҳои билоъиваз дардисари изофӣ хоҳад буд, ҳам барои созмонҳо ва ҳам барои ниҳодҳои сабткунанда.

Нигаронкунанда он аст, ки мақомоти Тоҷикистон дар ин замина аз таҷрубаи кишварҳои Узбакистон, Белорус ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мисол меоранд, аммо мо медонем, ки дар ҳамин кишварҳо созмонҳои ғайридавлатие, ки дар умури ҳуқуқи инсон фаъъолият мекунанд, тақрибан аз байн рафтаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки Тоҷикистон қадамҳои мусбате барои пешрафти ҳуқуқи инсон кардааст, умедворам, ки ин ибтикори давлат созмонҳои ғайридавлатиро дар кишвар аз байн набарад."

Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон, муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот:

"Ин барои бори аввал нест ки давлати Тоҷикистон таҷрубаи манфии Русия ва дигар кишварҳои худкомаро дар кишвари мо мавриди амал қарор медиҳад. Ин қонун имконот ва шароити фаъъолияти созмонҳои ғайридавлатиро маҳдуд менамояд.

Бояд зикрд кард, ки мақомоте ки маблағ медиҳад, мақсаднок истифода бурдани онро худаш назорат мекунад ва агар ниҳодҳои амниятӣ эҳсос доранд, ё далел доранд, ки ин ё он созмон аз маблағҳо барои корҳои дигар истифода мекунад, онҳо метавонанд ба таври алоҳида қазияҳоро таҳқиқ кунанд.

Ҳадафи асосии ин ислоҳот, бо таваҷҷуҳ ба таҷрубаи русҳо ва баъзе кишварҳои ҳамсоя, таҳти назорат гирфитани созмонҳои ғайридавлатӣ аст, ки бо созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои алоҳида муносибати хуб доранд. Дар шароите ки иқтидори иқтисодии Тоҷикистон имкон намедиҳад, ки барномаҳо ва тарҳҳои мушаххасро маблағгузорӣ кунад, ин амал ба манфиъати кор нест ва ҷомеъаи маданиро заъиф мекунад.

Мувофиқи мақсад мебуд, ки давлат бештар ба корҳое машғул шавад, ки кайфияти зиндагии мардумро беҳтар кунад ва шароитро барои мунозираи солим байни давлат ва ҷомеъаи маданӣ фароҳам кунад. Аммо дар ин тарҳи ислоҳи қонун талоше барои эҷод кардани мавонеъи сунъӣ дар ташаккули ҷомеъаи маданиро мебинем.

Фикр намекунам, дар шароити имрӯза ки фасод дар ниҳодҳои давлатӣ маъмулӣ шудааст ва давлат наметавонад онро назорат кунад, мақомот тавонанд коре барои назорат бар фасод дар созмонҳои ғайридавлатӣ анҷом бидиҳанд. Аввал бояд ин мушкилотро дар муассисаҳои давлатӣ бартараф кунанд."

Ойниҳол Бобоназарова, ҳуқуқдон, раиси созмони ғайридавлатии "Перспектива +":

"Дар як ҷомеъаи демукротик ҳеҷ гоҳ набояд чунин фишорҳо бар созмонҳои ғайридавлатӣ вуҷуд дошта бошад. Зеро ҳам Қонуни Асосӣ ва ҳам Қонун дар бораи ташкилотҳои ҷамъиятӣ вуҷуд доранд, ки фаъъолияти ин созмонҳоро мушаххас ва равшан танзим мекунанд. Аммо намояндагони Вазорати адлия дирӯз дар ҷаласаашон гуфтанд, ки ин тағйирот гӯё барои мубориза бо фасод, пулшӯӣ, тундравию ифротгароӣ ва монанди инҳо буда бошад. Охир мебахшед, фасод дар ниҳодҳои давлатӣ ҳаст ку?!

Ман шоҳиди ин ҳастам, ки то ҳол ягон созмони ғайридавлатӣ ба фасод муттаҳам нашудааст. Зарурати ин қонунро ҳеҷ намебинам. Якум ин ки ниҳодҳои давлатӣ худ бояд гузориш диҳанд ба ҷомеъаи маданӣ, ки милёрдҳо дулоре, ки мегиранд, куҷо кардаанд? Бинед, ки худашон чи қадар кумакҳои билоъиваз мегиранд ва ҳеҷ гоҳ ба мо гузориш намедиҳанд. Боз бояд гуфт, ки бисёре аз тарҳҳо якҷо бо ҳукумат иҷро мешаванд.

Вақте қазияи халабонҳои рус рух дод, маҳз созмонҳои ғайридавлатӣ, маҳз ҷомеъаи маданӣ буд, ки садо баланд кард, ягон ҳукуматӣ садо баланд накард! Мо ба терурисм чӣ кор дорем? Ё ба ифротгароӣ?... Ман ҳайрон шудам, вақте инҳоро шунидам.Ҳамаи созмонҳо гузориш медиҳанд, фаъъолияташон боз аст, пулашон танҳо тавассути бонкҳо мегузарад. Кадом фасод?

Аммо бубинед, ки Ожонси мубориза бо фасод чанд сол боз мегӯяд ду вазорат аз ҳама бештар фасодзада аст, аммо ҳукумат чиро нисбат ба онҳо ҳеҷ чорае намеандешад, балки барои фасод дар созмонҳои ғайридавлатӣ қонуну муқаррароти нав тасвиб мекунад? Мантиқ куҷост? Ман намефаҳмам.

Агар ин қадар ба созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои хориҷӣ бовар надорад, пас роҳи дигар вуҷуд дорад,роҳи осон - бигузор давлат худаш монанди дигар давлатҳо ба созмонҳои ғайридавлатӣ кумакҳои билоъиваз диҳад ва назорат кунад! Охир як созмони ғайридавлатӣ, ки ду сомонӣ кумаки билоъиваз мегирад, аввал ин ки худаш донишаш баланд мешавад, дигар ин ки ба чанд нафари дигар чизе меомӯзад, чи қадар мушкилотро ҳал мекунад, чанд нафари дигар моҳона мегирад. Чи бадӣ дорад ин?

Аз сӯйи дигар, чунин қонун як навъ нобоварӣ нишон додан ба кишварҳо ва созмонҳои кумаккунанда аст, ки ин ба фикрам дар ёригарон ҳам таъсир мегузорад. Дуюм, мо мухолиф нестем, ки бар мо назорат кунанд, аммо воқеъияти Тоҷикистонро ҳама медонем. Ҳануз ҳеҷ далеле нест, аммо одамро боздошт мекунанд, мекӯбанд, баъзеҳоро зада куштаанд, ҳатто ин гуна воқеъаҳо ҳам доштем. Яъне аз куҷо ман бовар кунам, ки аз ин қонун суиистифода намешавад ва он фасоди бештар намезояд?"

Матолиби муртабит