Интиқоди созмонҳо аз тарҳи тағйирот ба Қонун дар бораи иттиҳодияҳо

  • 1 Декабр, 2014
порлумонImage copyrightBBC World Service
Image caption Интизор меравад тарҳи қонун дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ", ки ҳоло дар дасти баррасии бархе аз ниҳодҳои давлатӣ аст ба зудӣ ба Порлумони кишвар барои баррасӣ ва тасвиб ироа шавад

Ҳудуди 60 созмони ғайридавлатии Тоҷикистон ба ҳамроҳии ҳудуди 30 созмони байналмиллалӣ бо ирсоли номае муштарак ба давлати Тоҷикистон, аз ин ки тарҳи Қонун дар бораи танзим ва маҳдуд сохтани дастрасии созмонҳои ғайридавлатӣ ба кумакҳои молиро баррасӣ мекунад, ибрози нигаронӣ карданд.

Интизор меравад тарҳи қонун дар бораи ворид кардани тағйиру иловаҳо ба "Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ", ки ҳоло дар дасти баррасии бархе аз ниҳодҳои давлатӣ аст ба зудӣ ба порлумони кишвар барои баррасӣ ва тасвиб ироа шавад.

Ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ва созмонҳои байналмиллалии дигар дар ин нома гуфтаанд: "Ин тарҳи қонун бо истондортҳои байналмиллалӣ муғоират дошта ва ба фаъъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ дар Тоҷикистон таҳдид мекунад."

Дар ин нома, ки зери он раҳбарияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва байналмиллалӣ имзо гузоштаанд, мехонем: "Мо аз давлати Тоҷикистон дархост мекунем, ки аз тасвиби ин қонун ҷилавгирӣ кунад. Зеро тарҳи ин қонун озодии иттиҳодияҳоро маҳдуд карда ва ҳаққи созмонҳои ғайридавлатӣ ба дастрасии озод ба кумаки молии хориҷӣ барои идомаи фаъъолият маҳрум месозад."

Тибқи тарҳи қонун дар бораи ворид кардани иловаҳо ва тағйирот ба "Қонун дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ", ки аз сӯйи Вазорати додгустарӣ таҳия шудааст, ҳамаи кумакҳои молӣ дар шакли "грант" ё "хайрия", аз тарафи манобеъи байналмиллалӣ ва хориҷӣ бояд аввал дар феҳристи давлатии кумакҳои башардӯстона сабт шаванд.

Яъне амалӣ шудани тарҳу барномаҳое, ки аз суйи созмонҳои байналмиллалӣ ё кишварҳои хориҷӣ ҳимояти молӣ мешаванд, новобаста аз мизони кумак, танҳо пас аз сабт шудани ин кумакҳо дар феҳристи давлатӣ мумкин хоҳад буд.

Дар нома ҳамчунин таъкид шудааст, ки тарҳи мазкур алорағми рабти мустақим доштан ба ҷомеъаи мадании кишвар, бидуни ҳамоҳангӣ ва ё табодули назар бо созмонҳои байналмиллалӣ таҳия шуда ва акнун барои баррасӣ ба ниҳодҳои мухталифи давлатӣ ирсол шудааст.

Дар номаи созмонҳои байналмиллалӣ ва ғайридавлатӣ унвонии давлати Тоҷикистон аз ҷумла мехонем: "Мо нигаронем, ки тақозои сабти иловагӣ дар феҳрист барои кумакҳои молӣ ба созмонҳои ғайридавлатӣ мавонеъи иловагӣ ба ин созмонҳо эҷод хоҳад кард, зеро онҳо аз пеш дар бораи фаъъолияти худ, манобеъи молии худ ва мизони дарёфти кумак (аз ҷумла аз манобеъи хориҷӣ) ба Вазорати адлия гузориш мекунанд. Аммо бояд таъкид кунем, ки ин тарҳи қонун танҳо барои муомилоти молии созмонҳои ғайридавлатӣ пешбинӣ шуда ва афроди алоҳидаро, ки кумаки молӣ дарёфт мекунад, дар назар надорад."

Дар ин нома мехонем, ки ҳарчанд ҳадафи давлат аз тағйирот ба қонуни Иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ назорат ва шаффофияти фаъъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ аст, аммо дар асл таҷрубаи мушобеҳ дар кишварҳои дигари собиқ Шӯравӣ нишон медиҳад, ки бар асоси ин қонун аксари созмонҳои ғайридавлатӣ ҳадафи иттиҳомоти беасос мабнӣ бар ин ки онҳо ба суди сиёсии кишваре дигар фаъъолият мекунанд, қарор мегиранд.

Ба бовари ин созмонҳо тарҳи тағйирот ва иловаҳо ба Қонун дар бораи фаъъолияти итиҳодияҳо ба таъаҳҳудоти байналмиллалии давлати Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи инсон муғойират дорад. Зеро ҳаққи як созмони ғайридавлатӣ барои дарёфти кумаки молӣ барои фаъъолияти худ ҳаққи калидии озодии иттиҳодияҳо мебошад.

Муаллифони нома афзудаанд, ки ғайр аз ин давлати Тоҷикистон баръакс муваззаф аст то ба созмонҳои ғайридавлатӣ барои дарёфти кумакҳои молӣ мусоидат кунад ва ин кумак метавонад аз манобеъи давлатӣ, хориҷӣ ё байналмиллалӣ бошад.

Дар поёни ин нома се дархост унвонии давлати Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Аз ҷумла дархост шуда давлат аз тасвиби тарҳи тағйирот ба қонуни Иттиҳодияҳо ҷилавгирӣ кунад, ҳама гуна иловаҳо ва тағирот ба ин қонунро бо ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ҳамоҳанг кунад ва аз тӯҳмат алайҳи созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҳадафи фаъъолияти онҳо худдорӣ кунад.