Содироти нафти Эрон ба Жопун афзоиши чашмгир ёфт
Image copyrightAPФурӯши нафти Эрон ба муштариёни умдаи осиёӣ афзоиш ёфтааст ва мақомоти эронӣ низ аз рушди мусбати иқтисодӣ хабар додаанд.
Рӯзи ҷумъаи 26 декабр, вазорати иқтисод, тиҷорат ва саноеъи Жопун гузориш кард, ки дар моҳи ноябр мизони хариди нафти Жопун аз Эрон ба рӯзона беш аз 163 ҳазор бушка афзоиш ёфтааст. Омори мунташиршуда тавассути ин вазоратхона нишон медиҳад, ки ин мизон нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта беш аз 98 дарсад афзоиш доштааст.
Чанд рӯз пеш низ хабаргузории Руйтерз ба нақл аз манобеъи давлатии Чин гузориш кард, ки воридоти нафти хоми он кишвар аз Эрон дар моҳи ноябр нисбат ба моҳи қабл аз он 52 дарсад афзоиш ёфта ва ба ҳудуди 518 ҳазор бушка дар рӯз расидааст.
Агарчи ин мизон каме камтар аз воридоти нафтии Чин аз Эрон дар моҳи ноябри соли гузашта буд, аммо дар тӯли ёздаҳ моҳи аввали соли ҷории мелодӣ мутавассити воридоти Чин аз Эрон ба болои 544 бушка дар рӯз расид. ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл 29 дарсад бештар буд. Ин мизон хариди нафт аз Эрон аз соли 2011 ба баъд, яъне аз замони ташдиди таҳримҳои хориҷӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ, собиқа надоштааст.
Бар асоси ин гузориш, таҳлилгарони нафтӣ пешбинӣ кардаанд, ки воридоти нафтии Чин аз Эрон дар моҳи ҷорӣ ҳам нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта афзоиш нишон диҳад. Ҳамчунин ширкати нафтии давлатии Чин ахиран қарордоди худ бо ширкати миллии нафти Эронро таҷдид кард, ки тибқи он хариди нафтии ин ширкат аз Эрон тайи соли ояндаи мелодӣ дастикам муъодили хариди он дар соли ҷорӣ хоҳад буд.
Чин, Ҳинд, Куреи Ҷанубӣ ва Жопун харидорони аслии нафти хоми Эрон ҳастанд ва омор ҳокӣ аз он аст, ки воридоти нафтии харидорони осиёӣ аз Эрон тайи соли ҷорӣ дар маҷмӯъ беш аз 30 дарсад нисбат ба соли гузашта афзоиш ёфтааст. Албатта дар тӯли сол навасоноти фаслӣ тағйиротеро дар мизони харид падид овард ва аз ҷумла дар моҳи ноябри соли ҷорӣ гузориш шуд, ки фурӯши нафти Эрон ба кишварҳои осиёӣ нисбат ба моҳи октябр коҳиш ёфта, аммо ин коҳиш муваққатӣ будааст.
