Рӯҳонӣ коҳиши қимати нафтро "хиёнат алайҳи ҷаҳони ислом хонд"
Image copyrightReutersҲасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон дар ҷаласаи ҳайати давлат коҳиши қимати ҷаҳонии нафтро "сирфан як мавзуъ надониста" ва гуфта ки ин иттифоқ "ношӣ аз тавтеъа ва барномарезии сиёсии бархе аз кишварҳо будааст."
Оқои Рӯҳонӣ гуфта, ки "коҳиши қимати нафт тавтеъае алайҳи мардуми минтақа ва мусалмонон буда, ки нафъи он сирфан барои бархе дигар аз кишварҳо мебошад."
Қимати нафт дар моҳҳои ахир наздик ба 40 дарсад коҳиш пайдо кардааст ва аз ҳудуди 115 дулор ба камтар аз 70 дулор дар ҳар бушка расидааст.
Бархе далели ин коҳишро ба тавлиди болои Арабистон ва адами тамоюлаш ба коҳиши тавлид, бархе ҷанги иқтисодӣ ва фишор бар Эрон ва Русия ва бархе низ афзоиши тавлиди нафти шели Омрико медонанд.
Оқои Рӯҳонӣ бидуни ин ки аз кишваре ном бибарад, гуфт ки "мардум ин гуна тавтеъаҳо ва ба таъбире хиёнатҳо алайҳи ҷаҳони исломро аз ёд нахоҳанд бурд ва мусалмонон ба ин тавтеъа аксулъамал нишон хоҳанд дод ва кишварҳое, ки пушти ин тавтеъа ҳастанд, бояд бидонанд, ки нафратро дар ҷаҳони ислом нисбат ба худ афзоиш медиҳанд."
Коҳиши қимати нафт барои кишварҳо назири Эрон, ки умдаи даромади арзии худро аз маҳали содироти нафт ба даст меоваранд , мушкилофарин аст, ба хусус дар шароите ки ба далели таҳримҳо тавлиди нафти Эрон ба камтар аз нисф (як миллиюн бушка дар рӯз) коҳиш пайдо кардааст.
Оқои Рӯҳонӣ дар айни ҳол гуфта, ки "мардум мутмаин бошанд, давлат тавоноии идораи кишварро ба хубӣ ва бо ҳамин қимати нафт дорад ва ин коҳиш адами иттакои буҷеи кишвар ба нафтро афзоиш медиҳад."
Давлати оқои Рӯҳонӣ дувумин лоиҳаи буҷети худро ин ҳафта ба маҷлис бурд ва бар асоси ин буҷе саҳми нафт дар даромади давлат коҳиш пайдо кардааст.
Оқои Рӯҳонӣ мегӯяд, ки буҷеи соли 94 камтарин иттакоро ба даромадҳои нафтӣ дорад ва "ин амр нисбат ба солҳои гузашта бесобиқа буда ва ин коҳиши қимати нафт фурсате аст то вобастагии буҷеро аз даромадҳои нафтӣ ҷудо кунем."
Давлати оқои Рӯҳонӣ умедвор аст бо вуҷуди коҳиши қимати нафт содироти ғайринафтӣ ба 50 милёрд дулор дар соли ҷорӣ бирасад. Вай гуфтааст "бо таҳаққуқи ин амр метавонем коҳиши даромадҳои нафтиро ҷуброн кунем."
