Баҳои нафти Брент ба камтар аз 80 дулор дар бушка уфт кардааст

  • 14 Ноябр, 2014
Image copyrightAP
Image caption Гуфта мешавад баъид аст, ки аъзои УПЕК бар сари коҳиши тавлид ба тавофуқ бирасанд

Баҳои ҳар бушка нафти хоми Брент се дулору 60 сент уфт карда ва ба 77 дулору 52 сент, яъне камтарин ҳад дар чаҳор соли ахир расидааст.

Нафти хоми Омрико ҳам бо коҳиши 2 дулору 58 сентӣ 74 дулору 28 сент муъомила шуда, ки камтарин ҳад дар чаҳор соли ахир аст.

Баҳои нафт аз тобистон башиддат уфт карда ва акнун 30 дарсад камтар аз моҳи июн аст.

Коҳиши муҷаддади баҳо дар рӯзи панҷшанбе дар ҳоле иттифоқ меафтад, ки мубодилакунандагон бар ин боваранд, ки аъзои УПЕК, ки ҳудуди 40 дарсади нафти ҷаҳонр содир мекунанд, қасди коҳиши тавлидро надоранд.

Дувоздаҳ узви УПЕК, аз ҷумла Эрон ва Арабистон, дар идомаи моҳи ҷорӣ барои баҳс дар бораи бозори ҷаҳонӣ ташкили ҷаласа хоҳанд дод.

Вақте қимат пойин меояд аъзои УПЕК маъмулан тавлидашонро кам мекунанд, то арзаи маҳдуд шавад ва баҳои нафт афзоиш ёбад.

Бештари ин кишварҳо барои таъмини ҳазинаҳои давлат ниёзманди фурӯши нафт бо қимати болотар ҳастанд.

Аммо аз изҳороти ахири вузарои нафти Арабистони Саъудӣ ва Кувейт чунин бармеояд, ки баъид аст ин гурӯҳ бар сари коҳиши тавлид ба тавофуқ бирасад.

Вазорати энержии Омрико ин ҳафта гуфт, ки интизор дорад баҳо то соли оянда дар сатҳи феълӣ боқӣ бимонад.

Матолиби муртабит