'Шаш киштӣ ба зарфияти 12 милюн бушка нафт дар ихтиёри Бобаки Занҷонӣ буд'

  • 2 Август, 2014
ЗанҷонӣImage copyrightv
Image caption Оқои Занҷонӣ дар фурӯш ва интиқоли нафт бо давлати Эрон ҳамкорӣ дошта ва ба иттиҳоми напардохтани пули нафт дар боздошт аст

Муҳсини Қамсарӣ, мудири умури байналмилали Ширкати миллии нафти Эрон, гуфта, ки шаш киштӣ ба зарфияти 12 милюн бушка дар ихтиёри Бобаки Занҷонӣ буд, ки вазорати нафт онҳоро гирифтааст.

Оқои Қамсарӣ ба хабаргузории давлатии Эрон, ИРНО, дар бораи ин маҳмулаҳои нафтӣ гуфта, ки "маҳмулаҳои нафтиеро, ки дар ихтиёри Бобаки Занҷонӣ буда, дар ихтиёр гирифтаем, ки бахше аз онро ба фурӯш расонда ва боқимонда низ дар ҳоли фурӯш аст."

Ба гуфтаи мудири умури байналмилали Ширкати миллии нафти Эрон, "ҳудуди шаш киштӣ дар ихтиёри Бобаки Занҷонӣ буд, ки ҳар кадом ба таври мутавассит зарфияти ду милюн бушкаи нафти хом ва фаровардаҳои нафтиро доро будаанд."

Бобаки Занҷонӣ, тоҷири эронӣ, ки дар даймоҳи соли гузашта (30 декабри 2013) дастгир ва ба зиндони Эвин мунтақил шуд, муттаҳам аст баъд аз ташдиди таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон бо вазорати нафти Эрон дар давлати Маҳмуди Аҳмадинажод дар фурӯши нафт ва интиқоли пули он ҳамкорӣ мекард, аммо бахше аз пули фурӯши нафтро ба вазорати нафт пардохт накардааст.

Бино бар гузоришҳои расмӣ, қувваи қазоияи Эрон баъд аз тавофуқ бо вазорати нафт тасмим гирифта, то бо шиносоии амволи оқои Занҷонӣ онҳоро дар ихтиёри ин вазоратхона бигзорад, то бо фурӯши онҳо талаби худро соф кунад.

Мизони бидеҳиҳои оқои Занҷонӣ, бино бар гуфтаи Бежани Номдори Зангана, вазири нафти Эрон, "беш аз ҳашт ҳазор милёрд тумон (ҳудуди дувуним милёрд дулор) аст.

Баровардҳои расмӣ нишон медиҳад, ки кулли амволи оқои Занҷонӣ ҳудуди се ҳазор милёрд тумон арзиш дорад.

Оқои Занҷонӣ пеш аз дастгирӣ гуфта буд, ки "дар ду-се соли гузашта беш аз 17 милёрд аз даромади ҳосил аз фурӯши нафтро ба Эрон мунтақил" кардааст.

Фурӯши нафт аз сӯи "ниҳодҳо"

Баъд аз ташдиди таҳримҳои байналмилалӣ, содироти нафти Эрон ба камтар аз нисф расид ва давлати Маҳмуди Аҳмадинажод омодагии худро барои фурӯши нафт ба бахши хусусӣ эълом кард.

То он замон танҳо Ширкати миллии нафти Эрон масъулияти фурӯши нафтро бар уҳда дошт, вале баъд аз он гузориш шуд, ки бино бар тақозои нерӯи интизомӣ чанд маҳмулаи нафтӣ дар ихтиёри ин ургони низомӣ қарор гирифтааст. Арзиши ин маҳмулаҳои нафтӣ ҳудуди 185 милюн дулор эълом шудааст.

Сартипи посдор Исмоъили Аҳмадии Муқаддам, фармондеҳи нерӯи интизомӣ, дар бораи фурӯши нафт тавассути ин ниҳод гуфта буд: "Дар он замон шароите пеш омад, то битавонем дар фурӯши нафт ба давлат кумак кунем ва раиси ҷумҳури вақт ҳам ба мо гуфт, ки агар мехоҳед, ба ҷойи касрии ёздаҳдарсадии будҷеи худ нафт бифурӯшед ва аз ин тариқ будҷеро таъмин кунед.

Оқои Қамсарӣ мегӯяд: "Дар давраи ҷадид ба ҳеч ниҳоде нафти хом барои фурӯш вогузор накардаем. Дар давлати қабл қарор буд бархе ниҳодҳо нафти хом бифурӯшанд, аммо пас аз вогузории ду маҳмула ва мушаххас шудани нотавонии онҳо дар фурӯш, вогузории нафт ба онҳо мутаваққиф шудааст."

Мудири умури байналмилали Ширкати миллии нафти Эрон дар айни ҳол гуфтааст мушкиле барои вогузории фурӯши нафт ба бахши хусусӣ вуҷуд надорад, агар онон битавонанд маҳмулаҳои нафтиро дар бозорҳои "ҷадиде, ки мо дар онҳо фаъъолият надорем, ба фурӯш бирасонанд."

Матолиби муртабит