Додситони Теҳрон: Парвандаи Бобаки Занҷонӣ бузургтарин парвандаи қазоии баъд аз инқилоб аст

  • 7 Май, 2014
Аббос Ҷаъфарии ДавлатободӣImage copyrightisna
Image caption Додситони Теҳрон гуфт дар парвандаи Бобаки Занҷонӣ вуҷуҳи сангине ҷобаҷо шуда, ки дар радёбии он ниёз ба замон дорад

Як мақоми қазоии Эрон гуфтааст, ки парвандаи Бобаки Занҷонӣ аз назари ҳаҷми молӣ бузургтарин парвандаи қазоӣ баъди инқилоби баҳмани соли 1357 (феврали соли 1978) аст.

Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ, додситони Теҳрон дар ҳошияи маросими муъорифаи расмӣ дар қувваи қазоия гуфтааст, ки "парвандаи Бобаки Занҷонӣ аз назари ҳаҷми молӣ бузургтарин парвандаи дастгоҳи қазоӣ баъд аз инқилоби исломӣ аст, ки ҳаҷми он се баробари парвандаи Меҳовариди Хусравӣ аст."

Меҳофарид Амири Хусравӣ муттаҳами аслии парвандаи ихтилоси 3 ҳазор миллиёрдтумонӣ аст, ки дар ҷараёни муҳокима дар баробари додгоҳҳои Эрон ба эъдом маҳкум шудааст.

Таъйиди талвеҳии боздошти Муҳаммади Руъёиён

Оқои Давлатободӣ дар посух ба ин пурсиш, ки оё боздошти Муҳаммади Руъёиён, раиси собиқи мудирияти ҳамлу нақл ва сӯхт сиҳҳат дорад ё хайр хостори худдорӣ аз баёни номи афрод шуда, аммо гуфта дар робита бо парвандаи ситоди сӯхт ду нафар боздошт шуда буданд, ки ахиран як нафари дигар низ боздошт шудааст. Хабари боздошти оқои Руъёиён як рӯз пеш дар бархе аз манобеъи хабарии расмии Эрон мунташир шуда буд.

Оқои Занҷонӣ, ки додситони Теҳрон парвандаи ӯро аз назари ҳаҷми молӣ се баробари парвандаи ихтилоси се ҳазор миллиёрдтумонӣ унвон карда, 42 сола аст, ки ба иттиҳоми таъаллул аз пардохти маболиғи нафти фурӯхташудаи Эрон ба вазорати нафт авоили зимистони соли гузашта бо ҳукми додситонии кулли Эрон боздошт ва ба зиндони Эвин мунтақил шудааст.

Оқои Давлатободӣ гуфтааст, ки дар парвандаи Бобаки Занҷонӣ "вуҷуҳи сангине ҷобаҷо шуда, ки радёбии он ниёз ба замон дорад".

Додситони Теҳрон гуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ дар се ҳавзаи коргузорӣ, арз тиҷорат ва нафт фаъъолият мекард ва дар ҳавзаи нафт худ содиркунанда ва таъйидкунандаи замонатҳои бонкиаш буд.

Оқои Занҷонӣ худро корофарин ва "басиҷии иқтисодӣ" муъаррифӣ мекард ва пас аз он ки Иттиҳодияи Урупо номи ӯро дар феҳристи афроди таҳримшуда қарор дод, гуфта буд, ки нафти Эронро дар кишварҳои муъоф аз таҳрим ва тибқи қавонини байналмилалӣ фурӯхтааст.

Пеш аз ин Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ, додситони кулли Ҷумҳурии Исломӣ гуфта буд, ки ҳанӯз қарори муҷримиятӣ барои оқои Занҷонӣ содир нашудааст.

Image copyrightv
Image caption Нақши оқои Занҷонӣ дар бозсозии терминоли марказии шаҳри Душанбе аз суи мақомоти ин кишвар мавриди ситоиш қарор гирифтааст.

Бобаки Занҷониро дар Тоҷикистон бисёриҳо ба унвони яке аз сармоягузорони қудратманд дар ин кишвар дар ёд доранд, ки дар бахшҳои мухталифе аз иқтисод фаъъолият мекард.

Нақши ӯ дар бозсозии терминоли марказии шаҳри Душанбе аз суи мақомоти ин кишвар мавриди ситоиш қарор гирифтааст.

Пас аз боздошти оқои Занҷонӣ расонаҳои Эрон хабар доданд, ки оқои Занҷонӣ гувоҳиномаи зоҳиран ҷаълии Бонки миллии Тоҷикистонро дар мавриди интиқоли 2 миллиёрд дулор дар ихтиёри вазорати нафти Эрон қарор додааст.

Масъулони Бонки миллии Тоҷикистон ироаи санаде дар мавриди интиқоли ду милёрд дуллор ба вазорати нафти Эрон барои Бобаки Занҷониро такзиб кардаанд.

Бархе манобеъ гуфтаанд, ки оқои Занҷонӣ дар садад будааст дар Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоӣ низ таъсис кунад.

Матолиби муртабит