Амволи Бобаки Занҷонӣ "ба вазорати нафт мунтақил мешавад"

  • 16 Июл, 2014
Image caption Бобаки Занҷонӣ моҳи декабри соли гузашта дастгир ва ба зиндони Эвин мунтақил шуд

Валиуллоҳ Сайф, раиси кулли бонки марказии Эрон бидеҳии Бобаки Занҷонӣ ба вазорати нафти Эронро ду милёрду 600 миллиюн дулор эълом карда ва гуфтааст, ки ба ҷойи манобеъи вазорати нафт, ки дар ихтиёри оқои Занҷонӣ буд, амволи вай ба ҳисоби вазорати нафт мунтақил мешавад.

Оқои Сайф гуфтааст, ки арзиши амволи шиносоишудаи оқои Занҷонӣ се ҳазор милёрд тумон (тақрибан 1 милилёрд дулор) аст ва қарор аст бар асоси коршиносиҳо ба ҳисоби вазорати нафт ворез шавад.

Бобаки Занҷонӣ дар рӯзи 30 декабри соли 2013 дастгир ва ба зиндони Эвин мунтақил шуд. Ӯ, ки гуфта мешуд баъд аз ташдиди таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон бо вазорати нафти Эрон дар давлати Маҳмуди Аҳмадинажод дар фурӯши нафт ва интиқоли пули он ҳамкорӣ мекард, муттаҳам аст, ки бахше аз пули фурӯши нафтро ба вазорати нафт пардохт накардааст.

Бежан Номдори Зангина, вазири нафти Эрон бидеҳии оқои Занҷонӣ ба ин вазоратхонаро беш аз ҳашт ҳазор милёрд тумон (ҳудуди дуву ним милёрд дулор) эълом карда ва гуфта буд, ки ин вазоратхона пулашро мехоҳад ва амвол ба дарди ин вазоратхона намехӯрад.

Аммо ду рӯз пеш Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ, додситони кулли кишвар гуфт, ки вазорати нафт эълом карда "ба ӯ дулор ва арз додаем ва пуламонро нақд ба дулор ё риёл мехоҳем, вале қувваи қазоия бо вазорати нафт тавофуқ карда, ки амволи Занҷонӣ шиносоӣ шавад ва ба унвони бидеҳӣ ба вазорати нафт мунтақил шавад."

Ба гуфтаи оқои Эжаӣ Бобаки Занҷонӣ "бахше аз арзро ба сурати нақдӣ гирифта ва мо ба дунболи ин ҳастем бидонем ин пул куҷо рафта ва агар ин вуҷуҳ мавҷуд аст, куҷост ва чи тавр метавон онро ба вазорати нафт бозгардонд."

Оқои Занҷонӣ пештар гуфта буд, ки ба далели таҳримҳо бахше аз арзи ҳосил аз фурӯши нафт ба вазорати нафт мунтақил нашудааст, аммо оқои Эжаӣ гуфта, ки "то имрӯз мушаххас нашуда ӯ амволе дар хориҷ аз кишвар дорад ё на. Ҳайатҳое ба кишварҳои Молезӣ ва ҳамсоя фиристода шуд, то иддаъои ӯро баррасӣ кунанд ва диданд, ки амволе дар хориҷ надорад."

Оқои Занҷонӣ, ки 42 сол дорад, гуфта буд 64 ширкат ва 17 ҳазор корманд дар дохил ва хориҷ аз кишвар дорад.

Оқои Занҷонӣ дар Тоҷикистон низ ширкатҳоеро дар бахшҳои мухталифи иқтисоди ин кишвар роҳандозӣ карда буд, ки масъулони онҳо гуфта буданд, боздошти ӯ ба фаъъолиятҳои ин ширкатҳо асар нахоҳад гузошт.

Ҳамчунин расонаҳои Эрон гузориш дода буданд, ки оқои Занҷонӣ санадеро аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар мавриди интиқоли пул ба вазорати нафти Эрон ироа дода, ки ҷаълӣ ба назар мерасад. Дар пайи ин гузоришҳо мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон ироаи санади интиқоли пул ба оқои Занҷониро такзиб карданд.

Иттиҳодияи Урупо ва Омрико оқои Занҷониро ба далели нақш доштан дар давр задани таҳримҳо ва пулшӯӣ таҳрим кардаанд. Оқои Занҷонӣ пеш аз дастгирӣ гуфта буд, ки "дар ду -се соли гузашта беш аз 17 милёрд аз даромади ҳосил аз фурӯши нафтро ба Эрон мунтақил кардааст."

Матолиби муртабит