Эрон ва Русия "дар остонаи имзои қарордоди нафтии 20-милюрддулорӣ"
Image copyrightAPХабаргузорнии Руйтерз ба нақл аз чанд манобеъи огоҳи эронӣ ва русӣ гузориш дода, ду кишвар дар остонаи имзои қарордоди нафтии 20-милёрддулорӣ ҳастанд, ки метавонад боъиси нигаронии Омрико ва эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Эрон шавад.
Бар асоси гузоришҳо, қарор аст Эрон ба изои нафте, ки ба Русия таҳвил медиҳад, маводде монанди филизот ва маводди ғизоӣ бихарад.
Пешбинӣ мешавад ин қарордод дар сурати амалӣ шудан ҳудуди 15 то 20 милёрд дулор бар даромадҳои нафтии Эрон биафзояд.
Дар ин гузориш аз як манбаъи руси муталеъ аз қарордод нақл шудааст, ки "Маскав тамоми мадорики лозимро омода кардааст" ва имзои қарордоди манут ба тавофуқ бар сари қимати нафт аст.
Қимати нафти Эрон ҳудуди бушкае сад дулор аст, аммо баъзе манобеъ ба Руйтерз гуфтаанд эҳтимолан қимати тавофуқӣ пойинтар аз қимати ҷаҳонӣ хоҳад буд.
Ҳамин манбаъ гуфтааст, ки ин қарордод шомили фурӯши таҷҳизоти низомӣ ба Эрон намешавад.
Фурӯши силоҳ ба Эрон бар асоси таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид мамнӯъ аст.
Вокуниши Омрико
Январи гузашта хабаргузории Руйтерз хабар дода буд Русия қасд дорад рӯзона 500 ҳазор бушка нафт аз Эрон бихарад. Қарордоде, ки ба таҳаққуқ бипайвандад, боъиси нақзи таҳримҳои нафтии Омрико ва Иттиҳодияи Урупо ва норизоятии ин кишварҳо хоҳад шуд.
Сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико дар вокуниш ба эҳтимоли имзои ниҳоии қарордои Эрон ва Русия гуфтааст "агар ин паймон пеш биравад, бо тавофуқи кишварҳои 5+1 дар таноқуз аст ва метавонад боъиси эъмоли таҳримҳои бештари Омрико алайҳи ашхос ва муассисаи даргир дар моҷаро шавад."
Дейвид Куҳен, муъовини вазорати дороии Омрико, ҳам дар як нишасти сено ба ин хабар вокуниш нишон дода ва гуфта "гузоришҳои зиёде аз эҳтимоли як тавофуқи тиҷории миёни Эрон ва Русия ба ӯ мерасад, аммо ҳанӯз амалӣ нашуда. Ба маҳзи амалӣ шудан таҳримҳои Омрико шомили тарафайни он мешавад."
Гузар аз марзи таҳрим
Хабаргузории Руйтерз мегӯяд дар бораи ин қарордод бо ду манбаъи муталеъи эронӣ мусоҳиба карда, ки яке аз ин афрод гуфта "Эрон мумкин аст то 300 ҳазор бушка нафт аз тариқи дарёи Хазар мубодила кунад ва боқимондаро аз роҳи халиҷи Форс ва эҳтимолан Бандараббос мунтақил кунад.
Бахше аз нигаронии Омрико ва муттаҳидони ин кишвар ин аст, ки Эрон аз тариқи Русия нафтро ба соири муштариён бирасонад.
Илова бар ин дар шароите, ки Омрико ва Ғарб вориди танишҳои тозае бо Русия бар сари нимҷазираи Криме шудаанд, иттиҳоди тиҷорӣ ва сиёсии Теҳрон ва Маскав беш аз гузашта тақвият хоҳад шуд. Зимни он ки Русия метавонад таъминкунандаи бахше аз ниёзҳои таслиҳотии Эрон бошад.
Мақомҳои Эрон ва Русия ҳанӯз дар бораи ин тавофуқ изҳори назар накардаанд.
