Ҳушдори Омрико ба Русия дар бораи имзои қарордоди нафтӣ бо Эрон

  • 11 Апрел, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Ҷек Лу дар дидор бо вазири дороии Русия бар сари масоили мавриди ихтилофоти Маскав ва Вошингтун гуфтугӯ кард, аз ҷумла Эрону Укройн

Вазири дороии Омрико дар гуфтугӯ бо ҳамтои руси худ нисбат ба вазъи ҳар гуна қарордоди нафтӣ бо Эрон ҳушдор додааст.

Ҷек Лу, вазири дороии Омрико, рӯзи панҷшанбеи даҳуми апрел дар дидор бо Антон Силуанов, вазири иқтисод ва дороии Русия, зимни изҳори нигаронии шадид аз гузоришҳои марбут ба эҳтимоли бастани қарордоде таҳти унвони "Нафт дар баробари коло" миёни Русия ва Эрон гуфт ахзи чунин қарордоде ноқизи таҳримҳои Омрико алайҳи Эрон маҳсуб мешавад.

Вазири дороии Омрико ҳамчунин имзои чунин қарордодеро дар таъарруз бо тавофуқномаи Женев миёни Гурӯҳи 5+1 ва Эрон донист. Тавофуқе, ки Омрико ва Русия ҳар ду дар он ба ҳамроҳи Чин, Бритониё, Олмон ва Фаронса аз Эрон хостаанд, то барномаи ҳастаии худро дар баробари адами вазъи таҳримҳои ҷадид ва бардоштани бархе аз таҳримҳои пешин пешрафт надиҳад.

Руйтерз ҳафтаи гузашта гузориш карда буд Эрон ва Русия дар садади имзои қарордоде нафтӣ ба арзиши 20 милёрддулорӣ ҳастанд, ки метавонад боъиси нигаронии Омрико ва эъмоли таҳримҳои бештар алайҳи Эрон шавад.

Дар ин гузориш аз як манбаъи руси муталеъ аз қарордод нақл шудааст, ки "Маскав тамоми мадорики лозимро омода кардааст" ва имзои қарордод манут бар сари қимати нафт аст.

Дар пайи ин гузориш, рӯзи чаҳоршанбе, Бежани Номдори Зангана, вазири нафти Эрон, дар посух ба пурсиши хабарнигорон дар бораи ин ки оё Эрон бо Русия қарордоди нафтӣ имзо карда ё на гуфт ман "ин мавзӯъро таъйид ё такзиб" намекунам.

Мақомҳои расмии Эрон ва Русия то кунун дар бораи хабарҳои мунташиршуда роҷеъ ба қарордоди нафтии ҷадиди миёни ду кишвар сукут кардаанд.

Матолиби муртабит