Қимати нафт ба пойинтарин ҳад дар 5 соли гузашта расид
Image copyrightGettyҚимати ҳар бушка нафти хоми Брент, муҳимтарин шохиси бозори нафт дар ҷаҳон имрӯз душанбеи аввали декабр бо ду дулор коҳиш ба поинтар аз 67 дулор расид.
Суқути қимати нафт то ин ҳад дар панҷ соли гузашта бесобиқа будааст.
Илова бар нафти хоми Брент қимати сабади нафтии Опек ва нафти хоми Омрико ҳам барои панҷумин моҳи мутаволӣ коҳиш ёфтааст.
Ин тӯлонитарин давраи суқути бевақфаи қимати нафт аз соли 2008 ва оғози буҳрони молӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон аст.
Қимати нафти Опек рӯзи ҷумъаи гузашта, 28 ноябр барои аввалин бор аз соли 2009 ба поинтар аз ҳафтод дулор расид.
Ба гузориши Руйтерз тасмими ҳафтаи гузаштаи Опек барои собит нигаҳ доштани сақфи тавлид бо вуҷуди раванди рӯ ба коҳиши қимат, боис шуд қимати нафт панҷшанбеи гузашта беш аз 12 дарсад суқут кунад.
Бо суқути 40 дарсадии қимати нафт дар арзи панҷ моҳ бисёре аз кишварҳои тавлидкунанда аз Ироқ ва Нигерия то Эрон ва Венезуэло барои тадвини буҷеи соли ояндаи худ бо мушкил рӯбарӯ шудаанд.
Қимати нафт дар буҷети соли ҷории Эрон 100 дулор пешбинӣ шуда, аммо бо наздик шудани мавъиди таҳвили лоиҳаи буҷет ба назар мерасад, ки ҳануз тавофуқе бар сари қимати нафт дар буҷеи соли оянда ба даст наомадааст.
Таҳрими нафтии Ғарб алайҳи Эрон ҳам боъис шуда тавони афзоиши тавлид барои ҷуброни коҳиши қимат то ҳади зиёде аз Эрон гирифта шавад.
Дар канори тасмими ахири Опек коҳиши тақозо дар бозори нафт ба далели рукуди иқтисодӣ дар бозорҳои Урупо ва Жопун ва ҳамин тур кунд шудани рушди иқтисодии Чин дар канори афзоиши тавлид ва содироти нафти шейли Омрико аз ҷумлаи далоили дигари суқути қимати нафт унвон шудааст.
