Хатти роҳи оҳани Эрон-Туркманистон-Қазоқистон ифтитоҳ шуд
Image copyrightpresident.irХатти роҳи оҳане, ки се кишвари Қазоқистон, Туркманистон ва Эронро ба ҳам муттасил мекунад, бо ҳузури руасои ҷумҳури се кишвар ифтитоҳ шудааст.
Ифттитоҳи ин хатти оҳан бо убури қатори ҳомили Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон аз хати оҳани Инчабурун дар устони Гулистони Эрон ва ҳаракат ба самти истгоҳи роҳи оҳани Оқйойло дар Туркманистон шуруъ шуд. Оқои Рӯҳонӣ дар ин истгоҳ мавриди истиқболи расмии раиси ҷумҳури Туркманистон қарор гирифт ва сипас бар асоси гузоришҳо ҳар се раиси ҷумҳур роҳии маҳали баргузории маросим шуданд.
Вузарои роҳи кишварҳои Эрон, Туркманистон ва Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон, ҷумҳурии Озарбойҷон ва Умон дар ин маросим ҳузур доштанд.
Тули ин роҳи оҳан ҳудуди 920 килуметр аст, ки 85 килуметри он дар хоки Эрон, 700 килуметр дар Туркманистон ва 140 килуметр дар Қазоқистон аст.
Хабаргузории Форс мегӯяд бахши эронии ин хати оҳан дар камтар аз 17 моҳ тавассути қароргоҳи созандагии Хотамуланбиё бо ҳазинаи 130 милиёрд тумон сохта шудааст.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон гуфтааст, ки аз тариқи ин роҳи оҳан имрӯз на танҳо се кишвари Қазоқистон, Туркманистон ва Эрон ба ҳам муттасил шудаанд, балки ин роҳи оҳан василае хоҳад буд, ки ин кишварҳо роҳаттар ба халиҷи Форс ва дарёи Умон ва кишварҳои шарқи минтақаи Чин, Русия, Туркия, Урупо ва Медитарона наздиктар шаванд.
Оқои Рӯҳонӣ гуфта "метавонем аз ин хати оҳан кишварҳои узви ЭКОро ба кишварҳои узви Шонгҳой муттасил ва шароитро барои интиқоли энержӣ ва табодули маводи нафтӣ омода кунем."
Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон имрӯз ибрози умедворӣ карда, ки ифтитоҳи ин роҳи оҳан дар рушди тронзити минтақа ва ҳаҷми табодули коло муассир бошад.
