Тамрини низомии муштараки Эрону Русия дар обҳои Эрон дар Хазар

  • 15 Октябр, 2014
Image copyrightRIA Novosti
Image caption Қоиқҳои шиновари русӣ дар дарёи Хазар. Русия бузургтарин новгони низомиро дар ин дарё дорад

Нерӯҳои дарёии Эрон ва Русия имрӯз дар дарёи (баҳри) Хазар тамрини низомии муштарак баргузор мекунанд.

Дарёдор Ҳабибуллоҳ Сиёрӣ, фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Ҷумҳурии Исломии Эрон, имрӯз гуфтааст, ки ин тамрини муштарак асри чаҳоршанбе дар ростои сулҳу дӯстӣ анҷом мешавад ва пас аз он новгурӯҳи Русия обҳои Эронро тарк хоҳад кард.

Новгурӯҳи Русия аз ду рӯзи гузашта дар обҳои Эрон дар дарёи Хазар ва дар бандари Анзалӣ паҳлӯ гирифтааст. Мақомҳои низомии Эрон мегӯянд ин новгурӯҳ шомили ду новшикан аст.

Ба гуфтаи фармондеҳи нерӯи дарёии артиши Эрон нафароти ин новшиканҳо аз замони ҳузури худ дар банодири Эрон аз манотиқи таърихии устони Гилон боздид карда ва бо мақомоти ин устон дидор доштаанд. Дарёдор Сиёрӣ гуфта "чанде пеш дар мулоқоте, ки бо фармонеҳи нерӯи дарёии Русия доштам, баҳси барқарории амният дар Хазар мавриди таъкид қарор гирифт, то иҷоза надиҳем нерӯҳои хориҷӣ дар ин дарёча ҳузур дошта бошанд."

Image copyrightAP
Image caption Руасои ҷумҳури панҷ кишвари соҳилии дарёи Хазар моҳи гузашта дар Астрахани Русия иҷлосе баргузор карданд

Боздиди новгурӯҳи Русия аз манотиқи соҳилии Эрон дар дарёи Хазар дар посух ба ҳузури соли гузаштаи новгурӯҳи Эрон дар бандари Астрахани Русия аст.

Эрон ва Русия собиқаи таърихӣ дар дарёи Хазар доранд. То пеш аз фурӯпошии Шӯравӣ Хазар дарёи муштарак миёни ду кившар будааст. Эрон ва Русия мухолифи ҳузури низомии кишварҳои ғайрисоҳилӣ дар дарёи Хазар ҳастанд ва ин мавзӯъро ба унвони таъаҳҳуде барои ҳар 5 кишвари соҳилӣ медонанд. Аз ҷумла дар ҷараёни иҷлоси ахири раҳбарони кишварҳои соҳилии дарёи хазар дар Астрахон, ки Ҳасани Рӯҳонӣ ҳам дар он ҳозир буд, ин мавзӯъ мавриди таъкид қарор гирифт.

Эрон, Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Қазоқистон ва Туркманистон кишварҳои соҳилии Хазарро ташкил медиҳанд.