Эрон ва Русия мувофиқатномаи ҳамкориҳои низомӣ имзо карданд

  • 21 Январ, 2015
Image copyrightisna

Вазорати дифоъи Эрон ва Русия мувофиқатномаи ҳамкориҳои дифоъӣ-низомӣ имзо ва бар ҳаллу фасли мавзӯъи сомонаи дифои мушакии Эс-300 таъкид кардаанд.

Ин мувофиқатнома рӯзи сешанбеи 20 январ пас аз анҷоми музокира миёни сартип Ҳусейни Деҳқон ва артишбуд Сергей Шойгу дар Теҳрон имзо шуд.

Вузарои дифоъи Эрон ва Русия аз иродаи ду кишвар дар иртиқои равобити дифоъӣ барои ҳаллу фасли мушкили Эс-300 хабар додаанд.

----------------------------------------------

Моҷарои Эс-300 чист?

  • Русия дар ҳудуди 5 сол пеш аз таҳвили сомонаи мушакии Эс-300 ба Эрон худдорӣ кард
  • Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи ин кишвар, гуфта буд, ки кишвараш бар асоси қатъномаи 1929-и Шӯрои Амният наметавонад ба қарордоди таҳвили мушакҳои Эс-300 ба Эрон амал кунад.
  • Сомонаи Эс-300 дар замоне ки Эрон қарордоди хариди онро бо Русия ба имзо расонд яке аз пешрафтатарин мушакҳои зиддиҳавоии сохти Русия буд. Ин мушак метавонад 100 ҳадафро дар осмон радёбӣ кунад
  • Қатъномаи мусавваби Шӯрои Амният дар канори таҳримҳои тиҷорӣ, молӣ ва фаннии дигар фурӯши анвоъи аслиҳаи сангин ба Эронро низ мамнӯъ кардааст.
  • Мақомҳои эронӣ таъкид доштаанд, ки сомонаи Эс-300 ҷанбаи дифоъӣ дорад ва машмули таҳримҳои Созмони Милал намешаванд.
  • Эрон бо ибрози нохурсандӣ аз тасмими Русия дар худдорӣ аз таҳвили Эс-300 аз шикоят дар ин замина ва талош барои дарёфти ғаромат хабар дода буд.

-------------------------------------------------------------

Вузарои дифоъи Эрон дар ҷараёни як нишасти хабарӣ бо ҳамтои русиаш гуфт, ки "шароити ҳоким бар минтақа ва масоили байналмилалӣ нишон дод, ки Русияи муқтадир бо ҳамкории Эрони мустақил ва муқтадир метавонад асароти пойдоре бар сулҳу амнияти ҷаҳонӣ бигузоранд."

Оқои Шойгу ҳам дар ин кунфронси хабарӣ гуфта "дар музокирот бо тарафи эронӣ тасмим гирифта шуд ҷанбаи амалии ҳамкориҳои низомии Эрон ва Русия афзоиш ёбад... дидгоҳҳои ду кишвар ба якдигар наздик ва дар бархе маворид комилан мушобеҳ аст."

Пас аз вақоеъи Укройн ва ҷудоии нимҷазираи Криме ва пайвастани он ба Русия, ин кишвар ҳадафи таҳримҳои Ғарб қарор гирифтааст.

Аз замоне, ки равобити Русия ва Иттиҳодияи Урупо ва Омрико танишолуда шуда, ин кившар дар бархе аз мавозеъи сарсахтонаи худ дар баробари Эрон инъитоф нишон додааст.

Матолиби муртабит