Лаҳистон: Иқдомоти низомии Русия дар минтақаи Болтик "бесобиқа" аст
Image copyrightAFPЛаҳистон мегӯяд мизони фаъъолиятҳои ахири Русия дар осмон ва обҳои минтақаи Болтик "бесобиқа" аст.
Ба гуфтаи Тумош Симунёк, вазири дифоъи Лаҳистон, ағлаби фаъъолиятҳои Русия дар ҳарими ҳавоии обҳои байналмилалӣ буда ва Суэд беш аз соири кишварҳо таҳти таъсир қарор гирифтааст.
Аъзои Созмони Ноту, аз ҷумла Бритониё, бо парвози ҷангандаҳои худ дар минтақа амалкарди ҳавопаймоҳои Русияро зери назар доранд.
Нооромиҳо ва даргириҳои як соли ахир дар Укройн ба афзоиши таниш дар минтақа доман задааст.
Вазири дифоъи Лаҳистон гуфтааст парвзоҳои гаштзании ахири Русия бо ҳадафи "омода шудан барои ҳамла "набуда , аммо ин кишвар тавоноии дифоъии Нотуро маҳак мезадааст ва ин кор ба нафъи эътимодсозӣ нест."
Эстунӣ, Латунӣ, се кишвари кучаки минтақаи Болтик пештар бахше аз хоки Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ буданд ва аз соли 2004 узви Ноту ҳастанд.
Оқои Симунёк ба як шабакаи телевизиюнии Лаҳистон гуфтааст дар замони парвози ҳавопаймоҳои Русия ниёзе набуда, ки артиши ин кишвар дар ҳоли омодабош қарор гирад.
Ноту ва Укройн бо муттаҳам кардани Русия ба даст доштан дар нооромиҳои шарқи Укройн мегӯянд Маскав шибҳнизомиёни ҳаводори Русияро дар ин минтақа таҷҳиз мекунад.
Русия бо радди ин иттиҳом таъйид карда, ки бархе нерӯҳои "довталаби" рус аз шибҳнизомиёни укройнӣ ҳимоят мекунанд.
Афзоиши фаъъолиятҳои Русия дар пайи ироаи гузорише аст, ки ахиран аз сӯйи як андешкадаи мустақар дар Ландан, Шабакаи Раҳбарии Урупо, мустақар шуд ва дар он ба ҷузъиёти 40 воқеъаи рӯйдода дар моҳҳои ахир пардохтааст.
Бино ба ин гузориш, дастикам 11 воқеъа "моҳияте таҳрикомез доштаанд, ки боъис шуда мизони хатари рӯёрӯиро афзоиш диҳад."
Дар яке аз ин маворид як ҳавопаймои хутути ҳавоии Искондиновӣ пас аз бархостан аз фурудгоҳи Копенҳог наздик буд бо яке аз ҳавопаймоҳои гаштзани Русия бархӯрд кунад.
Дар таҳаввуле дигар Суэд дар моҳи октябр аз анҷоми ҷустуҷӯ барои ёфтани якзердарёии Русия дар обҳои наздик ба Истекҳолм хабар дод, аммо пас аз чанд ҳафта ҳеч зердарёӣ пайдо нашуд
