Русия ва Ҳинд дар мавриди сохти 10 реоктури ҳастаӣ дар Ҳинд тавофуқ карданд
Image copyrightEPAДар пайи сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ба Ҳинд Норендро Мудӣ, нахуствазири ин кишвар гуфтааст Русия ба Ҳинд дар сохтани ҳаддиақал 10 реоктури ҳастаӣ кумак хоҳад кард.
Ҳарду кишвар имрӯз панҷшанбе, 20 озар (11 декабр) чанд тавофуқномаи муҳим дар бахши энержӣ имзо карданд.
Оқои Мудӣ ҳамчунин гуфт Русия ба унвони таъминикунандаи асосии таҷҳизоти дифоъӣ барои Ҳинд боқӣ хоҳад монд.
Сафари раиси ҷумҳурии Русия ба Ҳинд замоне анҷом мешавад, ки Ҳинд бо камбуди энержӣ рӯ ба рӯ аст ва Русия талош мекунад ба далели таҳримҳои Ғарб равобити худ бо кишварҳои Осиёро густариш диҳад.
Оқои Мудӣ гуфт, ки ду кишвар дар ҷараёни музокирот "чашмандози баландпарвозонаеро" барои энержии ҳастаӣ дар назар гирифтанд ва эълом карданд, ки реоктурҳои ҷадид зарфи бист соли оянда сохта хоҳанд шуд.
Ӯ гуфт, ки бар мабнои тавофуқот қитаъоти ин пруже дар Ҳинд тавлид хоҳад шуд.
Бар асоси гузориши хабаргузории Руйтерз тарафайн дар мавриди эҷоди як ниҳоди муштарак бо сармояи як милёрд дулор барои ҳимоят аз тарҳҳои нерӯгоҳҳои обӣ низ тавофуқ кардаанд.
Ба гуфтаи хабаргузории Руйтерз дар ҳамин ҳол ширкати Руснефт, аз тавлидкунандагони умдаи нафти Русия қарордодеро дар заминаи судури солиёна 10 миллиюн тун нафт ба Ҳинд имзо кардааст.
Пеш аз ин оқои Путин гуфта буд ба далели мушкилот бо бозорҳои Урупо кишвараш ба дунболи судури бештари нафту гоз ба Осиё аст.
Оқои Путин ҳафтаи гузаштаи тарҳи бунёди хати лӯлаи гози мавсум ба "Ҷараёни ҷанубӣ" ба Урупоро лағв кард. Иҷрои ин тарҳ моҳи июни имсол пас аз он ки кумиссиюни Урупо гуфт мумкин аст ноқизи муқаррароти рақобатӣ дар Иттиҳодияи Урупо бошад, ба ҳоли таълиқ даромад. Оқои Путин дар ниҳоят идомаи ин пружеро лағв кард.
Ҳамчунин буҳрони Укройн боъис шуд Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳодияи Урупо ва чанд кишвари дигар таҳримҳои густардаеро алайҳи Русия вазъ кунанд. Мақомоти Русия гуфтаанд ин таҳримҳо солиёна чиҳил милёрд дулор ба иқтисоди Русия хисорот ворид мекунад.
Муъомилоти дифоъӣ
Сонҷӣ Моҷумдар, хабарнигори Би-би-сӣ дар Деҳлии нав мегӯяд ки Русия ба унвони манбаи асосии таҷҳизоти дифоъӣ барои Ҳинд боқӣ мондааст, бо вуҷуди ин ки ахиран ду муомилаи пурсудро аз даст додааст ва Ҳинд тарҷеҳ дода онҳоро бо Иёлоти Муттаҳида ва Урупо имзо кунад.
Русия ва Ҳинд дар замони ҷанги сард муттаҳидони наздик буданд, аммо солҳои ахир равобити миёни ду кишвар сайре нузулӣ доштааст.
Мақомоти Русия ва Ҳинд дар ҳоле бар тавсеъаи равобити ду кишвар таъкид караанд, ки Ҳинд тамоюл дорад гомҳое дар ҷиҳати наздикӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Омрико бардорад, бахусус дар бахши низомӣ ва сармоягузорӣ.
Гузориш шудааст, ки фурӯши ҳеликуптерҳои ҷангӣ ба Покистон мояи нохушнудии Ҳинд аз Русия шудааст.
Аз тарафи дигар Русия аз ин ки Ҳинд ба ҷои васоили низомии он кишвар аз Фаронса ҷангандаиҳои навъи Рофоэл ва аз Омрико ҳеликуптерҳои Опочӣ харидорӣ кардааст, норозӣ аст.
Қарор аст имрӯз, панҷшанбе оқои Путин бо раҳбарони ширкатҳоии умдаи тавлид ва тиҷорати Ҳинд мулоқот ва баъдан дар конфаронсе дар мавриди алмос ширкат кунад. Интизор меравад ҳар ду кишвар дар бораи беҳбуди тиҷорати алмос мувофиқатномае имзо кунанд.
Русия яке аз умдатарин тавлидкунандагони алмос дар ҷаҳон аст ва Ҳинд аз марокизи асосии сайқали сангҳои қиматӣ аст.
Аммо ширкатҳои маъдани Русия маҳсулоти хоми худро ба ширкатҳои алмоси Онтверп ва Дубай мефурӯшанд ва аз тариқи ҳамин ширкатҳо алмоси Русия вориди Ҳинд мешавад ва ҳоло Ҳинд мехоҳад ин вазъро тағйир диҳад.
