Мушовири Путин: Ноту ба марзҳои Русия наздик мешавад

  • 19 Ноябр, 2014
Image copyrightEPA
Image caption Путин: Ғарб дар садад аст Русияро ба зону дароварад

Мақомоти рус гуфтаанд, ки Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидони ғарбии он дар садади тазъифи Русия ҳастанд.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфтааст, ки Иёлоти Муттаҳида дар садади таҳқири Русия нест, балки мехоҳад ин кишварро ба зону дароварад ва дар ин кишвар мусаллат шавад ва афзуда "дар тӯли таърих ҳеч кас натавониста ба чунин ҳадафе муваффақ шавад ва дар оянда ҳам муваффақ нахоҳад шуд."

Раиси ҷумҳурии Русия, ки дар ҳамоише бо унвони "Тамоми халқҳои Русия" ҳузур дошт, бо назари яке аз ширкаткунандагон дар ин иҷлос, ки муътақид буд Иёлоти Муттаҳида мехоҳад Русияро таҳқир кунад, мухолифат кард ва гуфт, ки ҳадафи омрикоиён "ҳалли мушкилоти худашон ба ҳазинаи мост."

Оқои Путин афзуд, ки мардуми Русия воқеъан омрикоиёнро дӯст доранд, аммо сиёсати давлати Омрико дар қиболи Русия қобили қабул нест. Вай гуфт: "Фикр мекунам аксари русҳо Омрико ва мардуми Омрикоро дӯст доранд ва аз онон мутанафир нестанд, аммо сиёсати табақаи ҳокима дар онҷост, ки аз назари аксари мардуми мо ғайриқобили қабул аст."

Раиси ҷумҳурии Русия ҳамчунин гуфт, ки Омрико тавонистааст бар муттаҳидони худ мусаллат шавад ва онҳоро таҳти нуфузи худ қарор диҳад. Дар ҳоле ки кишварҳои узви Иттиҳодияи Урупо дар рӯзи душанбеи ин ҳафта тасмим гирифтанд таҳримҳои иқтисоди алайҳи Русияро ташдид кунанд, оқои Путин гуфт, ки ин таҳримҳо ба зиёни таҳримкунандагон ҳам хоҳад буд.

Таҳримҳои хориҷӣ алайҳи сиёсати Русия дар Укройн иқтисоди Русияро таҳти фишор қарор дода ва аз ҷумла боъиси суқути сареъи арзиши пули миллии он кишвар шудааст. Бо ин ҳама Владимир Путин гуфт, ки ин шароит ва бахусус гаронии арзи хориҷӣ боъиси тақвияти саноеъи дохилӣ хоҳад шуд.

Image copyrightAP
Image caption Гурӯҳи мусиқии "Пуси Роют" ҳам хостори афзоиши фишор бар наздикони Путин шудаанд

Ҳамзамон Дмитрий Песков, мушовири раиси ҷумҳури Русия, дар гуфтугӯ бо Би-би-сӣ гуфтааст, ки "Русия хостори тазмини сад дар сад аст, ки ҳеҷ кас намехоҳад Укройно ба узвияти паймони Ноту дароварад."

Оқои Песков бо ибрози нигаронӣ дар мавриди эҳтимоли пайвастани кишварҳои урупоӣ ба паймони Ноту афзуд, ки ҳаракати тадриҷии Ноту ба сӯйи марзҳои Русия ин кишварро "музтариб" кардааст. Ин мақоми русӣ гуфт, ки ҳадафи Ғарб аз чунин иқдоме "талош барои мухтал кардани тавозуни қаво" дар Урупост.

Ба гуфтаи ин мақоми русӣ, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ кишварҳои ғарбӣ мутаъаҳҳид шуда буданд, ки аз ҷазби кишварҳои ҳавзаи нуфузи Русия худдорӣ кунанд, аммо ин таъаҳҳуди худро зери по гузоштаанд.

Вай ин иттиҳоми кишварҳои ғарбиро рад кард, ки Русия бо ҳимояти таслиҳотӣ ва молӣ аз ҷудоиталабони Укройн ва эъзоми нафароти низомӣ ба шарқи ин кишвар дар назар дорад Укройнро таҷзия ва эҳтимолан бахше аз хоки он кишварро ба Русия мулҳақ кунад

Мунтақидони Владимир Путин ӯро муттаҳам кардаанд, ки бо таҳрики эҳсосоти миллигароёнаи мардум ва эҷоди буҳронҳои хориҷӣ дар садад будаанд бар шароити дохилии Русия аз ҷумла нақзи демукросӣ ва мушкилоти ношӣ аз бекифоятии давлат ва тасаллути вобастагон ба ҳукумат бар иқтисод ва сарвати ин кишвар сарпӯш бигузорад.

Рӯзи гузашта теъдоде аз мухолифони оқои Путин дар баёнияе аз Бритониё ва соири кишварҳои ҷаҳон хостанд, то бо маҳдуд кардани судури визо барои мақомот ва сармоядорони вобаста ба давлати Русия, Владимир Путинро таҳти фишори бештаре қарор диҳанд. Ин афрод Бритониёро ба хотири омодагӣ дар эътои визо ба ин гурӯҳ аз шаҳрвандони Русия ҳадафи интиқод қарор дода ва гуфтанд, ки чунин иқдомоте сирфан боъиси ташвиқи давлати Русия дар идомаи сиёсати феълии худ хоҳад шуд.

Михаил Косянов, нахуствазири пешини Русия дар замони раёсати ҷумҳурии Путин ва аъзои гурӯҳи мусиқии "Пуси Роют" аз ҷумлаи имзокунандагони ин баёния будаанд. Гурӯҳи мусиқии "Пуси Роют" ҳадафи худро дифоъ аз ҳуқуқи мадании ақаллиятҳо дар Русия ва мухолифат бо Владимир Путин ва ҳимояти калисои артудукси Русия аз ӯ эълом кардааст.

Дар соли 2013 теъдоде аз аъзои ин гурӯҳ ба нишонаи эътироз дар калисои ҷомеъи Маскав ба таври ғайримуҷоз ба иҷрои барномае интиқодӣ пардохтанд, ки ба боздошт, муҳокима ва маҳкумияти бархе аз онон мунҷар шуд, ки интиқоди байналмилалиро дар пай овард.

Матолиби муртабит