Путин: Омрико дар садади боҷгирӣ аз Русия аст

  • 16 Октябр, 2014
ПутинImage copyrightReuters
Image caption Путин мегӯяд рафтори Убомо дар қиболи Русия хусуматомез аст

Влодимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, рафтори Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар қиболи кишварашро хусуматомез хондааст.

Оқои Путин дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Пулитико", чопи Сербистон, Омрикоро муттаҳам карда, ки аз тариқи эъмоли таҳрим бар Русия бар сари буҳрони Укройн дар садади боҷгирӣ аз ин кишвар аст.

Раиси ҷумҳурии Русия афзуда, ки Иёлоти Муттаҳида дар талош барои дахолат дар масоили дохилии Русия аст. Оқои Путин аз Омрико хост, то авоқиби ихтилоф ва носозгорӣ миёни қудратҳои умдаи атумиро дар назар бигирад.

Влодимир Путин имрӯз, панҷшанбеи 16 октябр, барои ширкат дар маросими ҳафтодумин солгарди озодии Белгрод аз ишғоли нерӯҳои Олмони нозӣ дар Ҷанги Ҷаҳонии Дувум ба Сербистон сафар мекунад.

Сербистон шарики суннатии Русия маҳсуб мешавад, аммо давлати ин кишвар дар садади наздикии бештар ба Иттиҳодияи Урупо аст. Влодимир Путин дар сафари худ ба Сербистон дар садади он аст, то равобити ду кишварро густариш диҳад.

Омрико ва Иттиҳодияи Урупо бар сари буҳрони Укройн ва ба хотири ҳимояти Русия аз ҷудоиталабони он кишвар Русияро ҳадафи таҳримҳое қарор додаанд.

Матолиби муртабит