Владимир Путин барои дидор бо раиси ҷумҳурии Чин вориди Шонгҳой шуд
Image copyrightAFPВладимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия барои дидор бо Шӣ Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии Чин вориди Шонгҳой шудааст.
Вазорати умури хориҷаи Чин гуфтааст, ки раҳбарони ду кишвар чандин тавофуқномаро дар ҷараёни ин сафар имзо хоҳанд кард.
Ин аввалин сафари оқои Путин ба Чин аз замони ба қудрат расидани Шӣ Ҷинпинг аст.
Оқои Путин ба Шинҳуо, хабаргузории расмии Чин гуфтааст, ки тавсеъаи ҳамкориҳои Русия бо Чин авлавияти диплумотики кишвараш аст. Ӯ Чинро дӯсте муътамид ва шарики аслии тиҷорати хориҷии Русия хондааст.
Интизор меравад Шӣ Ҷинпинг ва Владимир Путин дар мавриди содироти гози Русия ба Чин ба тавофуқ бирасанд ва тавофуқномаи марбут ба онро имзо кунанд.
Чин ва Русия умедворанд, ки дар ҷараёни ин сафар равобити ду кишвар беш аз пеш густариш ёбад.
Қарор аст дар ҳузури руасои ҷумҳурӣ ду кишвар (Русия ва Чин) монуври дарёии муштараке баргузор кунанд.
Ҳамчунин Владимир Путин дар ҷараёни ин сафар қарор аст дар нишасти сарони Конфаронси таъомул ва иқдомот ҷиҳати эътимодсозӣ дар Осиё (СИКО) ҳузур ёбад.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ барои ширкат дар ин нишаст озими Чин шудааст.
Намояндагони наздик ба чиҳил кишвар ва созмони байналмилалӣ дар ин нишаст ширкат хоҳад кард.
Бон Ки-Мун, дабирикули Созмони милал ва руасои ҷумҳурии Покистон, Қазоқистон ва Камбоҷа аз ҷумлаи ширкаткунандагон дар ин нишаст хоҳанд буд.
"Дӯсти қобили иттако барои Русия"
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия пеш аз оғози сафараш дар гуфтугӯ бо расонаҳои Чин аз ин кишвар ба унвони дӯсте қобили иттако барои Русия ёд кард ва гуфт, ки Чин ва Русия ба марҳалаи ҷадид аз ҳамкориҳои дуҷониба ва низомӣ расидаанд.
Оқои Путин гуфтааст, ки "муболиғаомез нахоҳад буд, агар бигӯям ҳамкориҳои миёни ду кишвар ба олитарин сатҳи худ дар торих расидааст."
Чин, бузургтарини шарики тиҷории Русия аст ва ҳаҷми равобити тиҷории ду кишвар дар соли 2013 ба 90 милёрд дулор расид ва ду кишвар дар садади он ҳастанд то онро то поёни даҳаи феълӣ ба 200 милёрд дулор бирасонанд.
Ҷон Содурт, хабарнигори Би-би-сӣ мегӯяд, ки Русия хоҳони он аст, ки бо Чин қарордоди гозӣ мунъақид кунад ва гози худро ба Чин содир кунад, аммо Чин бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти Русия дар Урупо бар сари буҳрони Укройн мехоҳад бар сари қимати гоз чоназанӣ кунад.
