Гурӯҳи БРИКС бо тасаллути Ғарб бар ниҳодҳои байналмилалӣ муқобала мекунад

Раҳбарони кишварҳои умдаи рӯбарушди ҷаҳон барои муқобала бо тасаллути қудратҳои ғарбӣ бар ниҳодҳои иқтисодии байналмилалӣ ҳамкорӣ мекунанд.
Рӯзи чаҳоршанбеи 7 фарвардин (27 март) раҳбарони кишварҳои гурӯҳи мавсум ба БРИКС, муташаккил аз Бразил, Русия, Ҳинд, Чин ва Офриқои Ҷанубӣ дар оихирин рӯзи иҷлоси худ дар Дурбони Офриқои Ҷанубӣ эълом карданд, ки дар назар доранд бонки ҷадиде таъсис кунанд, ки ҳадафи он кумак ба иҷрои барномаҳои тавсаъа дар кишварҳои узв ва ҳамчунин кишварҳои тавсаъанаёфтаи ҷаҳон аст.
Сохтор ва дастури кори ин бонк шабоҳати қобили таваҷҷуҳе бо Бонки Ҷаҳонӣ дорад, ки пас аз Ҷанги Дувуми Ҷаҳонӣ барои назорат бар иҷрои тарҳҳои умронӣ дар кишварҳои ҷангзадаи урупоӣ таъсис шуд ва дар даҳаҳои ахир аз иҷрои тарҳҳои тавсаъа дар кишварҳои тавсаъанаёфта ҳимоят кардааст.
Маркази ин бонк ҳамроҳ бо Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) дар Вошингтун пойтахти Омрико воқеъ аст ва Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои умдаи ғарбӣ ба далели аҳамияти иқтисодӣ, ки дар роҳандозӣ ва фаъъолияти онҳо доштаанд, аз нуфузи қобили таваҷҷуҳе дар идораи умур ва тасмимгириҳои он бархурдоранд. Ба таври суннатӣ як шаҳрванди урупоӣ ба раёсати Сандуқи Байналмилалии Пул ва як шаҳрванди омрикоӣ ба раёсати Бонки Ҷаҳонӣ интихоб шудаанд.
Ҷикуб Зумо, раиси ҷумҳурии Офриқои Ҷанубӣ гуфтааст, ки раҳбарии ин бонкро гурӯҳи БРИКС бар уҳда хоҳад дошт ва ҳадаф аз таъсиси он "таҷҳизи пасандозҳои дохилӣ ва ҳимояти молӣ аз тарҳҳои тавсаъа дар манотиқи тавсаъанаёфтаи ҷаҳон аст".
Қарор аст кишварҳои узв маблағи панҷоҳ миллиёрд дулорро ба таъмини сармояи бонки ҷадид ихтисос диҳанд. Мақомоти Бонки Ҷаҳонӣ аз таъсиси чунин бонке истиқбол карда ва гуфтаанд омодаанд барои пешбурди тарҳҳои тавсаъа дар ҷаҳон бо он ҳамкорӣ кунанд.
Таъмини тамоми сармояи мавриди назар барои бонки БРИКС чандон қатъӣ ба назар намерасад ва эҳтимолан барои роҳандозии он бояд муддате дар интизор буд, аммо ширкаткунандагон тавофуқи худро барои эҷоди як "хатти мубодилаи арзӣ" ба арзиши ҳудуди яксад миллиёрд дулор, эълом карданд.
Эҳтимолан интизор ин аст, ки Чин бо захираи арзии беш аз се триллиюн дулор таъминкунандаи аслии манобеъи лозим барои ин тарҳ бошад, ки ба кишварҳои узв иҷоза медиҳад дар замони мувоҷиҳа бо коҳиши нақдинагӣ аз имконоти он истифода кунанд.
Зоҳиран қарор аст ин "хатти мубодилаи арзӣ" нақше мушобеҳи Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП)-ро барои кишварҳои БРИКС ифо кунад.
Ширкаткунандагон дар иҷлоси Дурбон ҳамчунин бар сари иҷрои тарҳи эҷоди хатти иртиботии кобели нурӣ бо зарфияти зиёд байни кишварҳои узв ба тавофуқ расиданд. Ин хатти иртиботӣ беш аз бисту ҳашт ҳазор килуметр тӯл дорад ва ба гуфтаи оқои Зумо ҳадаф аз он "коҳиши вобастагии кишварҳои БРИКС ба мамолики пешрафта ба унвони нуқоти иртиботӣ" аст.
Рақобат бо Ғарб
Дар иҷлоси Дурбон Бусония Шаъбон, мушовири аршади Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия паёми Башор Асад ҳовии дархост аз кишварҳои БРИКС барои иқдом дар ҷиҳати "поён додан ба хушунат ва фароҳам кардани заминаи гуфтугӯ"-ро иблоғ кард ва афзуд, ки давлати Сурия моил ба оғози гуфтугӯ аст.
Пеш аз оғози иҷлос Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия гуфта буд, ки гурӯҳи БРИКС хоҳад кӯшид дар мавриди Сурия ба шакле ҳамоҳанг амал кунад. Русия ва Чин ба унвони ҳомиёни ҳукумати Сурия то кунун аз тасвиби қатъномаҳои ҳовии таҳрими Сурия дар Шурои Амният ҷилавгирӣ кардаанд ва бар мавозеъи худ дар мухолифат бо кишварҳои ғарбӣ исрор доштаанд.
Аз миёни аъзои БРИКС Русия беш аз соири кишварҳои узв бар эҷоди ҳамоҳангии сиёсӣ байни ин панҷ кишвар таъкид дошта ва бо таваҷҷуҳ бо қудрати иқтисодии кишварҳои узв эҷоди як блуки сиёсӣ дар баробари кишварҳои умдаи ғарбиро имконпазир донистааст.
Шаҳрвандони кишварҳои узви БРИКС ҳудуди чиҳил дарсарди кулли ҷамъияти ҷаҳонро ташкил медиҳанд ва тавлиди миллии ин кишварҳо ба ҳудуди як чаҳоруми тавлиди нохолиси ҷаҳон болиғ мешавад, ки аз саҳми Омрико дар тавлиди нохолиси ҷаҳонӣ низ бештар аст.
Собиқаи таъсиси гурӯҳи БРИКС ба ҳудуди даҳ сол пеш боз мегардад ва ҳосили ин назар аст, ки кишварҳои Русия, Чин ва Ҳинд, ки замоне ҳамаи онҳо ба дараҷоти мухталиф дорои иқтисодҳои давлатии мутамаркиз буданд, бо ислоҳоте дар сиёсатҳои иқтисодии худ амалан низоми сармоядориро ба унвони улуги пешрафти иқтисодӣ ба кор гирифтаанд.
Ин кишварҳо бо иттако ба озод шудани имконоти дохилӣ ва ҳамчунин бархурдорӣ аз сармоягузории хориҷӣ ҳамроҳ бо Бразил аз рушди иқтисодии қобили таваҷҷуҳе дар сатҳи ҷаҳонӣ бархурдор буда ва бо таваҷҷуҳ ба ҷамъияти онҳо дар маҷмуъ ба қудратҳои иқтисодии таъсиргузоре дар сатҳи ҷаҳонӣ табдил шудаанд.
Вожаи БРИК бо истифода аз ҳуруфи аввали асомии Бразил, Ҳинд, Русия ва Чин дар забони инглисӣ эҷод шуда ва дар соли 2010 бо пайвастани Офриқои Ҷанубӣ ба ин гурӯҳ номи он ба БРИКС тағйир ёфт.
Аввалин иҷлоси раҳбарони Бразил, Русия, Ҳинд ва Чин ба ибтикори раиси ҷумҳури вақти Бразил ташкил шуд ва ширкаткунандагон дар ин иҷлос навоқиси низоми молии ҷаҳонро, ки таҳти тасаллути қудратҳои ғарбӣ аст, омили бурузи буҳронҳои иқтисодӣ муъаррифӣ карданд ва хостори ислоҳоти асосӣ дар он шуданд.
Агарчи гурӯҳи БРИКС бар асоси тавофуқнома ё муъоҳидае расмӣ эҷод шуда, аммо маҷмуъае аз тавофуқномаҳои ҳамкории муштараки иқтисодии мутақобил байни кишварҳои узв ба имзо расида ва бархе аз онҳо ба иҷро даромадааст.
Дар сурате ки раванди рушди иқтисодии ин кишварҳо ҳамчунон бо шитоби кунунӣ идома ёбад, пешбинӣ мешавад, ки тайи чанд даҳаи оянда БРИКС дар сурате ки давом ёбад, ба бузургтарин маҷмуъаи иқтисодии ҷаҳон табдил шавад.
Дар айни ҳол ин эҳтимолро низ наметавон нодида гирифт, ки идомаи рушди иқтисодӣ дар бархе аз кишварҳои узви гурӯҳи БРИКС мумкин аст таҳаввулоти сиёсии умда ва дар натиҷа тағйироти асосӣ дар нигариш ва сиёсати хориҷии онҳо эҷод кунад.
