Путин хостори музокирот дар бораи сохтори сиёсии шарқи Укройн шуд
Image copyrightRIA NovostiВладимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хостори оғози фаврии музокирот бар сари сохтори сиёсии манотиқи шарқии Укройн барои поён додан ба муноқиша дар ин манотиқ шуд.
Суханони Владимир Путин ҳикоят аз он дорад, ки давлати марказии Укройн аз суи Русия таҳти фишор қарор гирифта то бо шӯришиёни ҷудоиталаби рустабор вориди музокираи мустақим шавад.
Раиси ҷумҳурии Русия ин суханонро як рӯз қабл аз баргузории иҷлоси Минск, пойтахти Белорус баён доштааст.
Дар ин иҷлос Укройн, Русия ва Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо бар сари буҳрони ҷорӣ дар шарқи Укройн гуфтугӯ хоҳанд кард.
Пештар Петру Пурушенку, раиси ҷумҳури Укройн ҳушдор дода буд, ки кишвараш ба 'нуқтаи ғайриқобилибозгашти' ҷанги тамом айёр бо Русия наздик шудааст.
Оқои Пурушенку ҳамчунин гуфт раҳбарони Иттиҳодияи Урупо мувофиқат кардаанд, ки вазъи таҳримҳои бештареро алайҳи Маскав баррасӣ кунанд.
Хабаргузории ИТОР ТОССи Русия ба нақл аз Владимир Путин гуфтааст, ки "пешбинӣ дар бораи поёни ин буҳрон ғайримумкин аст ва бастагии зиёде ба иродаи сиёсии мақомоти Укройн дорад."
Владимир Путин ҳамчунин гуфтааст, ки Русия наметавонад канор биншинад ва шоҳиди кушта шудани мардуме бошад, ки аз наздик ҳадафи гулӯла қарор мегиранд.
Раиси ҷумҳури Русия таҳдиди Иттиҳодияи Урупо ба вазъи таҳримҳоии ҷадид алайҳи Русияро низ рад карда ва гуфтааст Иттиҳодияи Урупо "аз кудето дар Укройн" ҳимоят мекунад.
Расонаҳои Русия ҳамчунин аз мубодилаи усарои низомӣ байни Укройн ва Русия гузориш додаанд.
Дар ин мубодила даҳ чатрбози асири русӣ дар муқобили 63 сарбози укройнӣ озод шуданд.
Расонаҳои Русия ба нақл аз Алексей Рогозин, муъовини фармондиҳии нерӯҳои чатрбози Русия менависанд, ки мубодилаи усаро дар пайи музокироте «бисёр душвор» сурат гирифтааст.
НОТУ батозагӣ тасовиреро мунташир кард, ки ба гуфтаи ин созмон сарбозони русиро дар хоки Укройн нишон медиҳад.
НОТУ мегӯяд, ки беш аз 1000 сарбози Русия дар амалиёти низомӣ дар хоки Укройн ширкат доранд. Русия эъзоми нерӯҳои худ ба Укройнро рад мекунад.
