Ҷаласаи изтирории НОТУ дар мавриди буҳрони шарқи Укройн
Image copyrightAFPДар пайи боло гирифтани иттиҳомоти кишварҳои ғарбӣ ба Русия дар мавриди дахолати мустақими ин кишвар дар буҳрони шарқи Укройн мақомоти Ноту дар ҳоли баргузории як ҷаласаи изтирорӣ барои баррасии ин мавзӯъ ҳастанд.
Рӯзи панҷшанбе Ноту тасовиреро мунташир кард, ки ба гуфтаи ин созмон, сарбозони русиро дар хоки Укройн нишон медиҳанд.
Ноту мегӯянд, ки беш аз 1000 табаъаи Русия дар амалиёти низомӣ дар хоки Укройн ширкат доранд
Русия эъзоми артишиёни худ ба Укройнро инкор мекунад.
Тарҳи иттиҳомот алайҳи Русия замоне боло гирифт, ки шӯришиёни тарафдори ин кишвар манотиқеро дар шарқи Укройн тасхир карданд.
Дар даргириҳои чанд моҳи ахир дар шарқи Укройн беш аз ду ҳазор нафар кушта шудаанд.
Ҷанги сангин дар наздикии бандари истротежики Мориупул дар канори баҳри Азов идома дорад. Шӯришиён дар сададанд ин шаҳрро тасхир кунанд., вале артиши Укройн муқовимат мекунад.
Рӯзи панҷшанбе ҷудоиталабон шаҳри Нувуозуфскро муҳосира карданд, ки дар муҷовирати Мориупул аст.
Пешравии ҷудоиталабон дар соҳили шимолии баҳри Азов ин нигарониро эҷод карда, ки Русия бо ҳаводоронаш дар Укройн мумкин аст қасд дошта бошанд навори соҳилии ин дарёро ба тасарруф даровард то иртиботи заминии нимҷазираи Кримеро бо Русия барқарор кунанд.
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, шаби гузашта аз шӯришиён хост, ки барои дурӣ аз ба вуҷуд омадани мушкилоти нолозим, масире амн барои хуруҷи артишиёни Укройн аз муҳосира дар ихтиёри онҳо бигузоранд, агарчи ӯ минтақаи хосеро ном набурд.
Александр Захарченко, раҳбари ҷудоиталабон, ба телевизиюни Русия гуфт, ки ҷангҷӯёни ӯ бо ин дархост мувофиқат кардаанд, ба шарти ин ки укройниҳо силоҳҳои сангин ва муҳиммоти худро таҳвил диҳанд.
Хабари ҳузури нерӯҳои рус дар Укройн интиқоди дубораи Ғарб аз Русияро ба дунбол доштааст.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар як кунфронси хабарӣ дар Вошингтун Русияро муқассири буҳрони Укройн хонда ва гуфта: "Шакке нест, ки буҳрони шарқи Укройн як буҳрони маҳаллӣ нест ва ба василаи Русия эҷод шудааст."
Ӯ ҳамчунин гуфт: "Ҷудоиталабон ба василаи Русия омӯзиш дидаанд, ба василаи Русия мусаллаҳ шудаанд а аз Русия таъмини молӣ мешаванд.
Қарор аст ҳафтаи оянда Борок Убомо ва сарони кишварҳои урупоӣ дар иҷлоси сарони Ноту дар Бритониё дар бораи ин буҳрон суҳбат кунанд.
