Низомиёни рус бахше аз хоки Укройнро "ишғол карданд"

  • 28 Август, 2014
Image copyrightAP
Image caption Дар рӯзҳои ахир шаҳри Нувуозувск саҳнаи набарди сангини байни нерӯҳои давлатӣ ва ҷудоиталабон будааст

Бо интишори гузориши ишғоли яке аз шаҳрҳои шарқи Укройн тавассути артиши Русия кишварҳои урупоӣ барои баррасии ин воқеъа ҷаласаи изтирорӣ ташкил медиҳанд, дар ҳоле ки эҳтимоли ташдиди таҳрими Русия боъиси суқути арзиш рубл шудааст.

Рӯзи панҷшанбе, 6 шаҳривар (28 август) Шурои умури амниятӣ ва дифоъии Укройн эълом кард, ки воҳидҳои артиши Русия дар ҳимоят аз шибҳинизомиёни ҷудоиталабони укройнӣ, шаҳри марзии Нувуозувск ва манотиқе дар шарқи ин кишварро ишғол кардаанд.

Дар иттилоъияи ин шӯро омадааст, ки ин шаҳр дар ҷараёни зидиҳамлаи муштараки нерӯҳои ҷудоиталаб ва воҳидҳои артиши Русия барои ҷилавгирӣ аз пешравии нерӯҳои давлатӣ дар манотиқи таҳти тасарруфи ҷудоиталабон суқут карда ва амалиёти муштараки Русия ва муттаҳидони он дар минтақа идома дорад.

Ҳамчунин Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн дар баёнияе бо эъломи лағви сафари худ ба Туркия ба далели авзоъи буҳронии кишвараш гуфт, ки "бахше аз хоки Укройн ба ишғоли нерӯҳои русӣ даромадааст."

Орсений Ётсенюк, нахуствазири Укройн аз Иёлоти Муттаҳида, Иттиҳодияи Урупо ва кишварҳои узви гурӯҳи 7 хостааст "то замоне ки Русия низомиён, таҷҳизоти низомӣ ва авомили худро аз Укройн хориҷ накарда, дороиҳо ва эътибороти молии он кишварро масдуд кунанд." Вай гуфтааст, ки "мудохилаи низомии Русия ва ишғоли хоки Укройн инак як воқеъияти айнӣ аст."

Image copyrightAP
Image caption Ҳадафи мудохилаи низомии Русия мутаваққиф кардан пешравии нерӯҳои давлатии Укройн будааст

Шоҳидони айнӣ гуфтаанд, ки тонкҳои Русия дар шаҳри Нувуозувск дар ҳаракатанд ва муқовимате ҳам дар баробари нерӯҳои рус мушоҳида намешавад. Барои Укройн суқути Нувуозувск ба манзалаи ба мухотира афтодани шаҳри бандарии Мориупул, воқеъ дар ғарби ин шаҳрак аст.

Пештар Ҷефрӣ Поёт, сафири Омрико дар Укройн гуфта буд, ки воҳидҳои артиши Русия дар ҷанги байни нерӯҳои давлатии Укройн ва шибҳнизомиёни ҷудоиталабон дар атрофи ин шаҳр мудохилаи мустақим доранд.

Ҳамчунин Александр Захарченко, аз раҳбарони ҷудоиталабони шарқи Укройн , дар мусоҳиба бо телевизиюни Русия гуфтааст, ки ҳудуди се ҳазор низомии рус дар ҷанг бо нерӯҳои давлатӣ дар дохили хоки Укройн ширкат доранд. Вай дар айни ҳол гуфт, ки ин афрод "аз низомиёни бознишаста ё низомиёне ҳастанд, ки бо гирифтани мураххасӣ аз воҳидҳои худ ба таври довталабона дар ҷанг ширкат доранд."

Image copyrightReuters
Image caption Дидори раисони ҷумҳурии Укройн ва Русия ба ҳали ихтилофи ду кишвар кумаке накард

Хабари ишғоли хоки Укройн тавассути низомиёни рус танҳо ду рӯз пас аз мулоқоти раисони ҷумҳурии Укройн ва Русия дар пойтахти Белорус мунташир мешавад. Интизор мерафт, ки он дидор таниши байни ду кишварро коҳиш диҳад ва заминаи поён додан ба буҳрони дохилии Укройнро фароҳам оварад.

Дар рӯзҳои ахир мақомоти давлатии Укройн нисбат ба афзоиши мудохилаи низомии Русия дар ҷанги дохилии ин кишвар ибрози нигаронӣ карда ва гуфта буданд, ки бо пешравии нерӯҳои давлатӣ дар бозпасгирии манотиқи шарқии ин кишвар аз шибҳнизомиёни ҷудоиталабон Русия ба ирсоли таҷҳизоти пешрафта ва эъзоми нерӯ барои мутаваққиф кардани воҳидҳои артиши Укройн мубодират кардааст.

Дар пайи интишори хабари ҳузури низомиёни русӣ дар шарқи Укройн Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо эълом кард, ки ба манзури баррасии наҳваи бурузи вокуниш нисбат ба ин иқдом ҷаласаи изтирорӣ ташкил хоҳад дод. Дар иттилоъияи ин созмон омадааст, ки "таҷовузи Русия ба хоки Укройн дар садри дастури кори ҷаласаи намояндагони кишварҳои узви созмон аст, ки рӯзи панҷшанбе дар соъати 11 ба вақти маҳаллӣ дар Вийен кори худро оғоз мекунад."

Ҳанӯз дар мавриди вокуниши кишварҳои ғарбӣ ба таҳаввулоти ахири Укройн хабаре мунташир нашуда, аммо эҳтимоли ташдиди таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия боъис шуд то дар муъомилоти бозори арз дар рӯзи панҷшанбе нархи баробарии пули миллии Русия - рубл - ба шакле чашмгир дар баробари арзҳои муътабари хориҷӣ суқут кунад.

Матолиби муртабит