Низомиёни укройнӣ дар Дунетск гардонда шуданд
Image copyrightAFPҶудоиталабони ҳаводори Русия дар шарқи Укройн гурӯҳе аз низомиёни укройнии боздоштшударо дар хиёбонҳои шаҳри Дунетск гардондаанд.
Гурӯҳи зиёде аз сокинони Дунетск, ки барои тамошои сарбозони боздоштшуда дар ду тарафи хиёбонҳо саф кашида буданд, ба ин низомиён дашном додаанд.
Хабаргузории Руйтерз ҳамчунин аз партоби бутрӣ ва дигар ашё ба сӯйи сарбозони укройнӣ хабар дод.
Бештар аз ду ҳазор нафар дар даргириҳои моҳҳои ахир миёни артиши Укройн ва ҷудоиталабон дар шарқи ин кишвар ҷони худро аз даст додаанд.
Хушунатҳо замоне шурӯъ шуд, ки ҷудоиталабон дар манотиқи Дунетск ва Луҳонск эъломи истиқлол карданд.
Истиқлоли ин манотиқ пас аз ҷудоии нимҷазираи Криме аз Укройн ва пайвастани он ба Русия эълом шуд.
Вазорати дифоъи Укройн гардонда шудани сарбозони боздоштшударо ба унвони амале мунзаҷиркунанда тақбеҳ кардааст.
Ҳамзамон Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, аз ихтисоли се милёрд дулор барои навсозии артиши ин кишвар хабар доааст.
Ба гуфтаи оқои Пурушенку ин манбаъ тайи ду сол барои харидории таҷҳизоти низомии ҷадид ҳазина хоҳад шуд.
Ӯ гуфт Укройн дар ояндаи наздик ба таври мудовим дар маърази таҳдиди низомӣ хоҳад буд.
Оқои Пурушенку қарор аст сешанбе дар Минск, пойтахти Белорус (Русияи Сафед)бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва намояндагони Иттиҳодияи Урупо музокира кунад.
Аз сӯйи дигар, корвони кумакрасонии Русия, ки бидуни касби муҷаввиз аз давлати Укройн вориди шарқи ин кишвар шуда буд, ба Русия бозгаштааст.
Бо вуруди ин корвон аз комюнҳои сафедранг, кишварҳои ғарбӣ ибрози нигаронӣ карда буданд, ки Русия мумкин аст таҳти пӯшиши кумакҳои башардӯстона, таслиҳоти низомӣ дар ихтиёри ҷудоиталабон гузошта бошад.
Русия мегӯяд маҳмулаи ин комюнҳо женеротури барқ, маводди хӯрокӣ ва ошомиданӣ будааст.
