Русия: Сарбозони боздоштшудаи мо иттифоқӣ вориди Укройн шуда буданд

  • 26 Август, 2014
Image copyrightGetty
Image caption Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн, барои дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба Минск рафтааст

Русия мегӯяд, ки гурӯҳе аз персунели низомии он кишвар, ки дар шарқи Укройн боздошт шудаанд, иштибоҳан аз марзи байни ду кишвар убур карда буданд.

Укройн рӯзи душанбе хабар дода буд, ки даҳ чатрбози русро боздошт карда ва чанд мусоҳибаи видиюӣ бо баъзе аз онҳо мунташир карда буд. Аз яке аз онҳо нақли қавл шуда, ки гуфта "ин ҷанг ҷанги мо нест."

Ин воқеъа қабл аз дидори калидии байни руасои ҷумҳури Укроойн ва Русия иттифоқ афтодааст.

Петру Пурушенку ва Владимир Путин барои як мулоқоти сарон дар Минск, пойтахти Белорус, басар мебаранд.

Ожонси хабарии русии "РИА новости" нақли қавле аз як манбаъ дар вазорати дифоъи Русия мунташир карда, ки мегӯяд: "Сарбозон воқеъан дар як воҳиди гашти марзии Русия ва Укройн ширкат доштанд, ки ба таври иттифоқӣ дар маҳалле, ки аломатгузорӣ нашуда буд, аз марз гузаштаанд ва то ҷое, ки мо медонем, дар замони боздошт тавассути нерӯҳои укройнӣ муқовимате нишон надодаанд."

Як коноли телевизиюнии Укройн, ки мусоҳиба бо чатрбозонро пахш кард, гуфта, ки онҳо аз ҳанг (полк)-и 331-и лашкари 98-и ҳавобурди Свирск ҳастанд.

Ин конол ҷумлае аз як гурӯҳбон ба номи Андрей Генералов нақл карда, ки гуфта "эъзоми бачаҳои моро мутаваққиф кунед. Чаро? Чун ин ҷанг ҷанги мо нест. Ва агар мо инҷо набудем, ҳеҷ кадом аз ин иттифоқҳо намеафтод."

Танишҳои байни Укройн ва Русия замоне ташдид шуд, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия нимҷазираи Кримеро аз он кишвар ҷудо карданд ва баъд дар шарқи Укройн эъломи худмухторӣ карданд.

Укройн Русияро ба ҳимоят аз ҷудоиталабон муттаҳам мекунад.

То ба ҳол беш аз ду ҳазор нафар дар даргириҳои Укройн кушта шудаанд.

Матолиби муртабит