Артиши Укройн бо корвони коммюнҳои Русия вориди набард шуд

  • 25 Август, 2014
Image copyrightEPA
Image caption Нерӯҳои артиши Укройн машғули баррасии мошине ҳастанд, ки бо оташбори шӯришиёни шарқи Укройн сӯхтааст

Укройн мегӯяд, ки нерӯҳои артиш бо коммюнҳои мусаллаҳи Русия дар шарқи Укройн вориди набард шудаанд.

Пештар Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия эълом карда буд, ки кишвараш дувумин корвони коммюнҳои кумакҳоро озими шарқи Укройн мекунад, ки таҳти кунтрули шибҳинизомиёни тарафдори Русия аст.

Мақомоти амниятии Укройн мегӯянд,ки нерӯҳои артиши ин кишвар замоне бо коммюнҳои русӣ вориди даргирӣ шуданд, ки онҳо вориди Дунетск шуда буданд.

Укройн мегӯяд, ки оташбори Русия аз дохили хоки ин кишвар ин коммюнҳоро пуштибонӣ мекард.

Даргирӣ дар наздикии шаҳри бандарии Мориупул иттифоқ афтод ва гузориш шуда, ки корвони коммюнҳои Русия дар шаҳри Нувуозуфск мутаваққиф шудааст.

Андрӣ Лисенку, яке аз сухангӯёни артиши Укройн мегӯяд, ки ин иқдоми Русия боз кардани ҷабҳаи тоза дар буҳрони шарқи Укройн аст.

Манобеъи укройнӣ мегӯянд, ки коммюнҳои русӣ дар ҳоле аз марз гузар карданд, ки парчами "Ҷумҳурии мардуми Дунетск"-ро ҳамл мекарданд.

Баъзе мақомҳо мегӯянд, ки 10 тонк ва ду худрави низомӣ сутуни корвони коммюнҳоро ҳамроҳӣ мекарданд. Гузоришҳои дигар ҳам вуҷуд дорад, ки аз 30 василаи нақлияи сангин дар корвони русӣ хабар медиҳад.

Image copyrightAFP
Image caption Қарор аст Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия (рост) ва Петру Пурушенку, раиси ҷумҳурии Укройн рӯзи сешанбе дидор кунанд

Аввалин корвони Русия, ки чанд рӯз пеш хоки Укройнро тарк кард, бидуни муҷаввизи давлати Укройн вориди хоки ин кишвар шуда буд.

Русия гуфта буд, ки корвони коммюнҳо ҳовии кумакҳои инсондӯстона аст, аммо Укройн ибрози нигаронӣ карда буд, ки мумкин аст Русия таҷҳизоти низомӣ ба шибҳинизомиёни тарафдори худ бирасонад.

Қарор аст руасои ҷумҳурии Русия ва Укройн рӯзи сешанбе дар бораи ин буҳрон дар Белорус дидор дошта бошанд.

Бандари Мориупул, ки даргирӣ онҷо иттифоқ афтода, дар кунтрули нерӯҳои давлатии Укройн аст. Артиши Укройн моҳи июн ин шаҳри бандарии муҳимро аз шӯришиёни тарафдори Русия пас гирифт.

Матолиби муртабит