"Ҳамлаи шадиди тӯпхонаӣ" ба шаҳри Дунетск дар Укройн
Image copyrightcГузоришҳои тоза аз Укройн ҳокӣ аз ҳамлаи шадиди тӯпхона ба шаҳри Дунетск ва дар айни ҳол наздик шудани корвони ҳомили кумакҳои Русия ба наздикии марз бо Укройн аст.
Ҳанӯз хабаре дар мавриди теъдоди талафоти ношӣ аз ин ҳамла дар даст нест, аммо гуфта мешавад, ки гурӯҳе дар ин ҳамалот маҷруҳ шудаанд.
Бар асоси гузоришҳои аввалия дар маркази ин шаҳр, ки таҳти тасарруфи шӯришиёни ҳаводори Русия аст, мардум бо шунидани садои ожири хатар аз сохтмонҳо берун рехта ва фирор карданд.
Беш аз 200 комиюни ҳомили кумакҳои Русия ба марзҳои таҳти кунтрули шӯришиён дар минтақаи Луҳонск наздик мешавад.
Мақсади ин корвон ҳануз мушаххас нашудааст.
Русия дар тавҷеҳи ирсоли кумак ба Укройн гуфтааст, ки шаҳрҳои Луҳонск ва Дунетск, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия дар онҳо дар муҳосираи нерӯҳои давлати марказии Укройн қарор гирифтаанд, бо "фоҷиъаи инсонӣ" мувоҷеҳ ҳастанд ва ба кумаки хориҷӣ ниёз доранд.
Мақомоти укройнӣ мегӯянд корвон пеш аз он ки иҷозаи вуруд ба дохили марзи ин кишварро пайдо кунад, бояд тавассути бозрасони байналмилалӣ ворасӣ шавад.
Укройн нигарони он аст, ки Русия дар назар дошта бошад дар пӯшиши ирсоли кумакҳои башардӯстона ба иқдоми низомӣ дар ҳимоят аз ҷудоиталабон мубодират кунад.
Кишварҳои ғарбӣ ва Укройн давлати Русияро ба ҳимояти таслиҳотӣ аз шӯришиён ва ҳатто эъзоми нафароти артиши Русия барои кумак ба онон муттаҳам кардаанд.
Дар таҳаввуле дигар Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия имрӯз панҷшанбе, 14 август дар Кириме зимни анҷоми як суханронӣ дар мулоқот бо сокинони маҳаллӣ гуфтааст ҷанг дар Укройн як "ҳарҷу марҷи хунин" аст, ки бояд зудтар поён ёбад. Ӯ гуфтааст Русия "ҳар он чӣ дар тавонаш" аст анҷом медиҳад то низоъ "ҳарчӣ зудтар" поён дода шавад.
Шибҳҷазираи худмухтори Кириме пас аз баргузории як ҳамапурсии муноқишабарангез дар моҳи марти гузашта эъломи истиқлол кард ва сипас ба хоки Русия пайваст.
