Укройн ба корвони кумакҳои башардӯстонаи Русия иҷозаи вуруд намедиҳад
Image copyrightReutersДар ҳоле ки корвони кумакҳои башардӯстонаи Русия ба марзи Укройн наздик мешавад , мақомоти укройнӣ таъкид кардаанд, ки ба ин корвон иҷозаи вуруд ба кишварашонро нахоҳанд дод.
Рӯзи чаҳоршанбе, 22 мурдод (13 август) Орсен Овокуф, вазири кишвари Укройн, дар Фейсбуки худ навишт, ки "корвони эъзомии Путин иҷоза нахоҳад дошт ба минтақаи Хоркуф ворид шавад." Оқои Овокуф афзудааст ки "иқдомоти таҳрикомези мутаҷовизи бадхоҳ дар дохили кишварамон қобили қабул нест."
Изҳороти вазири кишвари Укройн дар ҳоле интишор меёбад, ки манобеъи русӣ гуфтаанд, ки дувисту ҳаштод комюни ҳомили якҳазору ҳаштсад тун ақломи мавриди ниёзи сокинони манотиқи ҷангии шарқи Укройн ба суи марз дар ҳаракат ҳастанд ва ба ҳудуди сесад килуметрии гузаргоҳи марзии Шебекину расидаанд . Ба навиштаи расонаҳои Русия ин корвон аз шаҳри русии Вурунеж воқеъ дар сесад килуметрии гузаргоҳи марзии Шебекину убур кардааст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар тавҷеҳи ирсоли кумак ба мақсади Укройн гуфтааст, ки шаҳрҳои Луҳонск ва Дунетск, ки ҷудоиталабони тарафдори Русия дар онҳо дар муҳосираи нерӯҳои давлати марказии Укройн қарор гирифтаанд, бо "фоҷиъаи инсонӣ" мувоҷеҳ ҳастанд ва ба кумаки хориҷӣ ниёз доранд.
Дар муқобил мақомоти укройнӣ нигарони он ҳастанд, ки Русия дар назар дошта бошад дар пӯшиши ирсоли кумакҳои башардӯстона ба иқдоми низомӣ дар ҳимоят аз ҷудоиталабон мубодират кунад. Кишварҳои ғарбӣ ва Укройн давлати Русияро ба ҳимояти таслиҳотӣ аз шӯришиён ва ҳатто эъзоми нафароти артиши Русия барои кумак ба онон муттаҳам кардаанд.
Дар ҳафтаҳои ахир нерӯҳои давлатии Укройн тавонистаанд ба муваффақиятҳо дар баробари шӯришиёни мусаллаҳ даст ёбанд ва ин таҳаввул нигаронӣ дар мавриди иқдоми низомии эҳтимолии Русияро афзоиш додааст. Бархе нозирон ҳушдор додаанд, ки мумкин аст Русия бо эъзоми ин корвон ба марз бо Укройн мунтазир аст то посдорони марзии Укройн монеъ аз убури он аз марз шаванд ва ба ин баҳона ба мудохилаи низомӣ дар Укройн даст бизанад. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди чиҳил ҳазор тан аз нафароти артиши Русия дар наздикии марз бо Укройн таҷаммуъ кардаанд.
Мақомоти укройнӣ гуфтаанд бо ирсоли кумакҳои башардӯстона аз суи Русия мухолифате надоранд, машрут бар ин ки ин кумакҳо таҳти назорати Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ирсол ва тавзеъ шавад ва ин итминон вуҷуд дошта бошад, ки комюнҳои русии ҳомили аслиҳа ва эҳтимолан нафарот нестанд. Онон таъкид доранд, ки комюнҳои русӣ аз марз убур накунанд, балки маҳмулаи худро дар нуқтаи марзӣ ба комюнҳои таҳти назари Салиби Сурх таҳвил диҳанд.
Мақомоти русӣ гуфтаанд, ки эъзоми корвони кумакҳои башардӯстона бо тавофуқи "давлати Укройн" анҷом мешавад, аммо мақомоти укройнӣ ҳар гуна тавофуқе дар ин заминаро такзиб кардаанд.
Русия гуфта ирсоли кумакҳои башардӯстона бо тавофуқи "давлати Укройн" анҷом мешавад, аммо мақомоти укройнӣ ҳар гуна тавофуқе дар ин заминаро такзиб кардаанд, бархе нозирон ҳушдор додаанд мумкин аст манзури Русия давлати худхондаи шӯришиёни шарқи Укройн бошад
Бархе нозирон ҳушдор додаанд, ки эҳтимол дорад манзури Русия давлати худхондаи шӯришиёне бошад, ки бар манотиқи шарқи Укройн мусаллат шудаанд. Давлати Русия ҳамчунин гуфта буд Салиби Сурхи Байналмиллал бо ирсоли кумакҳои башардӯстона мувофиқат кардааст. Салиби Сурх гуфтааст, ки гуфтугӯ дар ин замина дар ҷараён буда, аммо ҳануз натиҷае ба даст наомадааст.
Буҳрони низомии Укройн аз поизи соли гузашта ва бо тасмими Виктур Ёнукович, раиси ҷумҳурии вақти Укройн барои канор гузоштани сиёсати ҳамкории наздики тиҷорӣ бо Иттиҳодияи Урупо ва густариши равобит бо Русия оғоз шуд. Мухолифони наздикии Укройн ва Русия бо баргузории таҷаммуъҳои эътирозӣ хостори идомаи сиёсати қаблӣ шуданд.
Дар пайи кушта шудани даҳҳо тан аз тазоҳуркунандагони мухолифи давлат дар моҳи феврали соли ҷорӣ порлумони Укройн оқои Ёнуковичро аз раёсати ҷумҳурӣ халъ ва як раиси ҷумҳурӣ ва давлати муваққатро то баргузории интихобот дар моҳи май мансуб кард. Оқои Ёнукович ба Русия гурехт ва мақомоти Русия давлати ҷадиди Укройнро ғайриқонунӣ хонданд.
Дар моҳи март порлумони минтақаи худгардони Кириме, ки аксари ҷамъияти онро русзабонон ташкил медоданд, эълом кард, ки тасмим гирифтааст аз Укройн ҷудо шуда ва ба Русия мулҳақ шавад, дар ҳоле ки пешопеш афроди мусаллаҳе, ки унифурми номушаххас бар тан доштанд , бар ин бахш аз хоки Укройн мусаллат шуда буданд. Чанд рӯз баъд порлумони Русия ба инзимоми Кирима раъй дод ва раиси ҷумҳурии Русия низ паймони илҳоқи Киримеро бо намояндагони эъзомии порлумони маҳаллии Кириме имзо кард.
Агарчи илҳоқи Кириме вокуниши тунди кишварҳои ғарбиро дар пай дошт, аммо билофосила гурӯҳе аз афроди мусаллаҳ дар манотиқи шарқии Укройн ҳаммарз бо Русия даст ба шӯриш заданд ва нерӯҳои амниятӣ ва низомии давлати марказиро аз ин манотиқ ихроҷ карданд. Бархе манобеъи ғарбӣ гуфтаанд, ки ин афрод аз кумаки мустақими таслиҳотӣ ва ҳатто ҳимояти нафароти артиши Русия бархӯрдор будаанд. Шӯришиёни шарқи Укройн ин минтақаро ҳам мустақил эълом карданд ва хостори илҳоқ ба Русия шуданд.
Давлати Укройн таъкид дорад, ки ин манотиқ бахше аз хоки Укройн аст ва бояд таҳти назари давлати марказӣ идора шавад, дар ҳоле ки Русия гуфтааст, ки роҳи ҳали ин буҳрон тағйири қонуни асосии Укройн ва эътои худгардонӣ ба манотиқи шарқӣ аст. Бо таваҷҷуҳ ба наҳваи инзимоми Кириме ба хоки Русия, укройниҳо нигарони он ҳастанд, ки Русия дар назар дошта бошад ин манотиқро низ ба баҳонаи хости мардуми маҳаллӣ аз кишварашон таҷзия кунад.
