Монуври низомии Русия дар наздикии марз бо Укройн
Image copyrightxВазорати дифоъи Русия аз баргузории даври ҷадиде аз монуврҳои нерӯи ҳавоии ин кишвар дар марзҳои худ бо Укройн хабар додааст.
Вазорати дифоъ эълом кардааст, ки дар ин монуври низомӣ, ки қарор аст тайи ҳафтаи ҷорӣ баргузор шавад, ҳудуди 100 фарванд ҳавопаймои мутаъаллиқ ба нерӯи ҳавоии Русия ширкат хоҳанд кард.
Сухангӯи ин вазоратхона гуфтааст, ки ин теъдод шомили ҷетҳои ҷанганда, ҳеликуптерҳои низомӣ ва ҷадидтарин бумбафканҳо хоҳад буд.
Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ Русия ҳар бор бо эъломи даври тозае аз монуврҳои низомӣ қудрати артиши худ дар қиболи буҳрони Укройнро ба намоиш мегузорад.
Дар ҳамин ҳол Укройн эълом кардааст, ки дар шарқи кишвар алайҳи нерӯҳои шӯришӣ дар ҳоли пешравӣ аст.
Дар ҳоле ки нерӯҳои артиши Укройн ба шаҳрҳои таҳти кунтрули шӯришиён Дунетск ва Луҳонск наздик мешаванд, ғайринизомиёни сокини ин минтақа худро барои амалиёти тасарруфи низомиён омода мекунанд.
Сокинони ин манотиқ дар ҳоли анбор кардани озуқа ва тадорукот ҳастанд ва дар зерзаминиҳо паноҳ гирифтаанд.
Гузоришҳо ҳокист ки Луҳонск амалан таҳти муҳосира аст ва барқ надорад.
Давлатҳои ғарбӣ ва Укройн Русияро барои таҷҳиз кардани шӯришиёни ҳаводори Русия бо силоҳҳои сангин ва эъзоми довталаб муттаҳам мекунанд.
Русия ҳамвора ин масаъларо инкор ва дар айни ҳол амалиёти нерӯҳои низомии Укройн дар шарқи кишварро маҳкум кардааст.
Сухангӯи вазорати дифоъи Русия бидуни ишора ба Укройн даври тозаи монуври низомии Русияро эълом кард.
Ӯ ба хабаргузории расмии Русия Интерфакс гуфт, ки ин ришта аз монуврҳои низомӣ бо ҳадафи беҳбуди иттиҳод ва ҳамоҳангии нерӯи ҳавоии ин кишвар анҷом мешавад.
Ин дар ҳоле аст ки Русия пештар ба тақвияти теъдоди нерӯ ва таҷҳизоти низомии худ дар наздикии марз бо Укройн муттаҳам шуда буд.
Ақибнишинии сарбозони укройнӣ
Гузоришҳо ҳокӣ аст ки гурӯҳе аз сарбозони укройнӣ, ки дар тӯли набард бо ҷудоиталабон бо камбуди муҳимот мувоҷеҳ шуданд, ба манотиқи таҳти кунтрули Русия ақибнишинӣ карда ва аз Русия тақозои паноҳандагӣ кардаанд.
Ба гуфтаи яке аз манобеъи иттилоъотии Русия ин гурӯҳ шомили беш аз 400 тан аз нерӯи укройнӣ аст.
Бар асоси гузориши хабаргузории расмии Укройн (Юнион) муҳимоти ин гурӯҳ аз сарбозон тайи набард бо шӯришиён тамом шуд ва худрави низомии онҳо низ осеб дид. Ҳамин амр онҳоро тарғиб ба фирор аз марзи Укройн ба дохили Русия кард.
