Корвони "кумакҳои башардӯстона"-и Русия эъзоми Укройн шуд
Image copyrightAFPЯк корвони кумакҳои башардӯстонаи Русия эъзоми шарқи Укройн шудааст. Ин дар ҳолест, мақомоти ғарбӣ дар мавриди дахолати низомӣ дар пӯшиши кумакҳои башардӯстона ба Русия ҳушдор додаанд.
Рӯзи сешанбеи 12 август сухангӯйи Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия гуфт, ки як корвони муташаккил аз 280 комиюни ҳомили кумакҳои башардӯстона ин кишварро ба мақсади манотиқи шарқи Укройн тарк кардааст.
Ба гузориши хабаргузории "Интерфакс", вай афзуда, ки амалиёти кумакрасонӣ ба шарқи Укройн "комилан бо тавофуқ бо Укройн" анҷом мешавад. Ба гуфтаи сухангӯйи раиси ҷумҳурии Русия, ҳидоят ва назорати ин амалиёт бар ӯҳдаи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх аст. Пештар ин созмон бо интишори иттилоъия гуфта буд, дар заминаи кумакрасонӣ ба сокинони ҷангзадаи шарқи Укройн бо давлати Русия ва Укройн дар тамос будааст.
Бар асоси ин гузориш, кумакҳои Русия шомили ғалла, хӯроки навзод, женеротури тавлиди барқ ва дорую таҷҳизоти пизишкӣ аст, ки байни сокинони ғайринизомии манотиқи ҷангзадаи шарқи Укройн тавзеъ хоҳад шуд. Як мақоми давлати Русия таъкид кардааст, ки артиши ин кишвар ҳеч дахолате дар ин "амалиёти ғайримусаллаҳона" надорад.
Рӯзи ҷумъа, давлатҳои Омрико, Олмон ва Бритониё ба Русия ҳушдор доданд, ки таҳти пӯшиши кумакҳои башардӯстона ба дахолати низомӣ ва ишғоли манотиқи шарқи Укройн даст назанад ва рӯзи гузашта ҳам Омрико таъкид кард, ки ҳар гуна дахолати Русия дар Укройн бидуни мувофиқа бо давлати марказии ин кишвар ғайриқобили қабул буда ва нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ маҳсуб мешавад.
Хабари ҳаракати корвони кумакҳои башардӯстонаи Русия ба шарқи Укройн дар ҳоле интишор меёбад, ки дар моҳҳои ахир артиши Укройн тавонистааст бахшҳое аз манотиқро аз шибанизомиёни ҷудоиталаби тарафдори Русия бозпас бигирад ва ба сӯйи соири манотиқи таҳти тасарруфи онон пешравӣ кунад. Бо ташдиди даргирӣ чанд ҳазор тан аз сокинони манотиқи ҷангзада хонаҳои худро тарк карда ва озими манотиқи амнтар , бахусус, дар назидики марзҳои Русия шудаанд ва давлати Укройн хостори кумакҳои байналмилалӣ ба онҳо шуда буд.
Манобеъи Созмони Паймони Отлонтики Шимолӣ-НОТУ ҳушдор доданд, ки "эҳтимоли зиёд" вуҷуд дорад, ки Русия ба манзури ҳимоят аз шибанизомиёни ҷудоиталаб ба мудохилаи низомӣ дар ин кишвар даст бизанад. Ба гуфтаи онон, дар ҳоли ҳозир воҳидҳои муташаккил аз 45 ҳазор тан аз артиши Русия дар марзҳои муштараки ин кишвар бо Укройн таҷаммӯъ кардаанд.
