Русия Омрико ва Иттиҳодияи Урупоро таҳрим кард

  • 7 Август, 2014
Image copyrightAFP
Image caption Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дар як фурӯшгоҳи маводди ғизоӣ

Русия воридоти маводди ғизоӣ аз Иттиҳодияи Урупо, Омрико ва шуморе аз кишварҳои ғарбиро, ки таҳримҳое алайҳи Русия вазъ кардаанд, мамнӯъ эълом кард.

Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, дар як нишасти давлатӣ гуфт, ки Русия аз ин пас иҷозаи воридоти гӯшт, моҳӣ, мева, сабзиҷот ва маводди лабанӣ аз Иттиҳодияи Урупо, Омрико, Устролиё, Конодо ва Нурвежро намедиҳад.

Оқои Медведев таъкид кардааст, ки таҳримҳои Русия алайҳи ин кишварҳо барои як сол хоҳад буд.

Ғизои кӯдак ва шароб ҷузъи ақломи таҳримшуда нестанд.

Нахуствазири Русия ҳамчунин гуфтааст, ки кишвараш парвозҳои тронзити ҳавопаймоии Укройн аз фарози хоки Русияро мамнӯъ хоҳад кард.

"Талофиҷӯйӣ"

Иттиҳодияи Урупо ва Омрико ахиран таҳримҳояшонро алайҳи Русия сахттар кардаанд. Иттиҳодияи Урупо таҳримҳоро аз афрод фаротар бурда ва ба ниҳодҳои иқтисодӣ густариш додааст.

Таҳримҳои ҷадиди Иттиҳодияи Урупо алайҳи муттаҳидони наздики оқои Путин монанди Оркодий Ротенберг, милиёрдери русӣ, эъмол шудааст.

Содироти нафт, саноеъи дифоъӣ ва дастрасии бонкҳои Русия ба барзе манобеъи молии Ғарб низ таҳрим шудааст.

Русия солона муъодили 2 милиёрд юру мева ва сабзиҷот аз Иттиҳодияи Урупо ва як милиёрд юру маводди ғизоӣ ва кишоварзӣ аз Омрико мехарад.

Ҳафтаи гузашта Русия бахши умдае аз воридоти кишоварзӣ аз Лаҳистонро ба баҳонаи нигарониҳои марбут ба саломати умумӣ мамнӯъ кард; иқдоме ки ба назар мерасад интиқомҷӯӣ аз Лаҳистон ба далели ҳимояташ аз муҷозоти Русия дар қиболи Укройн бошад.

"Манофеъи миллӣ"

Владимир Путин дар ҳукми худ манофеъи миллии Русияро далели тасмимаш унвон кардааст.

Аввалин даври таҳримҳо алайҳи Маскав пас аз ишғоли Криме дар моҳи март сурат гирифт.

Омрико ва Иттиҳодияи Урупо Русияро муттаҳам мекунанд, ки ба шӯришҳои мусаллаҳона дар шарқи Укройн доман задааст.

Дар авохири моҳи июл ва чанд ҳафта баъд аз суқути машкуки ҳавопаймои мусофирбарии Молезӣ дар минтақаи таҳти тасаллути шӯришиёни Укройн, Иттиҳодияи Урупо таҳримҳо алайҳи Русияро сахттар кард.

Куллияи 298 мусофир ва хадамаи он ҳавопаймо шомили 193 шаҳрванди Ҳуланд кушта шуданд.

Матолиби муртабит