Таҳримҳои Русия; Саргардон мондани даҳҳо ҳазор ҷаҳонгарди рус дар хориҷ
Image copyrightAFPДар пайи таълиқи фаъъолияти ширкате гардишгарии "Лобиринт"-и Русия то ҳадди аксар 27 ҳазор ҷаҳонгарди Русия дар хориҷ аз ин кишвар билотаклиф мондаанд.
Ин ширкат дар баёнияе таълиқи фаъъолияташро ба батар шудани нархи мубодилаи рубл ва "авзоъи манфии сиёсиву иқтисодӣ" нисбат дод.
Нишонаҳое ҳаст аз ин ки таҳримҳои Иттиҳодияи Урупо ва Омрико алайҳи Русия дар иртибот бо буҳрони Укройн дар ҳоли латма задан ба иқтисоди ин кишвар бошад, ки аз ҷумла шомили сармоягузории ғарбӣ дар Русия аст.
Ҳамзамон як сармоядори бузурги рус мегӯяд, ки ҳавопаймои ӯ ба далели таҳримҳои Омрико замингир шудааст.
Генодий Тимченку, милиёрдери рус, ки ба Владимир Путин наздик аст, ба хабаргузории ИТАР ТАСС-и Русия гуфт, ки ширкати "Гулф истрим" дигар ба ҳавопаймои ҷети ӯ хадамот намедиҳад ва халабонҳо иҷозаи истифода аз системи новбарии ҳавопайморо надоранд.
Мизони дороиҳои ӯ, ки саҳоми зиёде дар ширкатҳои гоз ва таъсисоти зербиноӣ дорад, ҳудуди 14.4 милиёрд дулор рақам зада мешавад. Ӯ яке аз даҳҳо шаҳрванди Русия аст, ки б хотири буҳрони Укройн ҳадафи таҳримҳо қарор гирифта.
Ширкати "Турпумуш", ки ба туристҳои Русия кумак мекунад, дар баёнияе гуфт, ки акнун саъй дорад барои ин афрод, ки аз ҷумла дар Булғористон, Миср ваТунис билотаклиф мондаанд, парвози баргашт резерв кунад.
Ин ширкат гуфт таваққуфи кори ногаҳонии "Лобиринт" дар рӯзи шанбе ҳудуди 27 ҳазор шаҳрванди русро бидуни билети бозгашт гузоштааст.
Яке дигар аз далоиле, ки "Лобиринт" барои тасмимаш эълом кард, тавсияи давлати Русия ба мақомҳои низомӣ ва амниятӣ дар худдорӣ аз хуруҷ аз кишвар буд.
Моҳи гузашта ҳам як ширкати дигари ҷаҳонгардӣ дар Русия ба номи "Нуво" аз кор бозистод.
Аввлин даври таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар моҳи март пас аз илҳоқи нимҷазираи Криме ба Русия, ки як ноҳияи худмухтори вобаста ба Укройн буд, эъмол шуд.
Ғарб Русияро ба ҳимоят аз шӯришиёни шарқи Укройн ва тазъифи ҳокимияти миллии ин кишвар муттаҳам мекунад.
