'Русия пойгоҳи ҷосусии Шӯравиро дар Кубо бозгушоӣ мекунад'
Image copyrightGettyМақомҳои Русия мегӯянд ин кишвар бо Кубо тавофуқ кардааст, ки як пойгоҳи шунуди электруник дар ҷазоири Короибро бозгушоӣ кунад.
Ин пойгоҳ, ки ба Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ таъаллуқ дошт, дар давраи ҷанги сард иртибототи электруникии Омрикоро шунуд мекард.
Пойгоҳи Лурдес дар наздикии Ҳовоно, пойтахти Кубо, дар 250-килуметрии марзи Омрикост. Дар давраи ҷанги сард гуфта мешуд, ки ин пойгоҳ бузургтарин маркази шунуди Шӯравӣ дар хориҷ аст.
Рӯзномаи "Комерсант"-и Русия гузориш додааст, ки ин тавофуқ дар рӯзҳои гузашта дар ҷараёни боздиди Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз Кубо сар гирифтааст.
Русия пас аз Шӯравӣ аз низоми кумунистӣ фосила гирифтааст, аммо Куборо ҳанӯз ҳизби кумунисти ин кишвар идора мекунад.
Оқои Путин 13 сол пеш аз ин, пойгоҳи Лурдесро ба далели нигаронӣ дар бораи ҳазинаи он таътил крда буд.
Хабаргузории Руйтерз аз қавли як манбаъи амниятӣ дар Русия гузориши рӯзномаи "Комерсант"-ро таъйид кардааст.
Равобити Русия ва Омрико дар моҳҳои ахир бахусус баъд аз буҳрони Укройн рӯ ба уфул будааст.
Омрико ҳамчунин бобати паноҳ додани Русия ба Эдворд Иснувден, ифшогар иттилоъоти маҳрамонаи дастгоҳҳои иттилоъотии Омрико дар бораи фаъъолиятҳои ҷосусӣ ва назоратии ин кишвар, борҳо аз Маскав интиқод кардааст.
Дар замони роҳандозии пойгоҳи Лурдес дар давраи ҷанги сард, наздикиаш ба хоки Омрико ба шакли қобили таваҷҷуҳе тавоноии Шӯравӣ дар шунуд аз омрикоиҳоро афзоиш дод.
"Комерсант" навиштааст оқои Путин дар дидоре, ки рӯзи ҷумъа аз Кубо дошт, пазируфт, ки 90 дарсад аз бидеҳии Кубо ба Шӯравиро қалам бигирад. Ин бидеҳи ба ҳудуди 32 милиёрд дулор мерасад.
Пойгоҳи Лурдес аз соли 1967 вориди амалиёт шуд ва ба дастгоҳҳои амниятии Шӯравӣ, иттилоъот медод. Ин пойгоҳ ҳамчунин иртибототи сиррии нерӯи дарёии Шӯравиро ҳам таъмин мекард.
Дар давраи Шӯравӣ ҳудуди се ҳазор мутахассис дар ин пойгоҳ кор мекарданд. Дар даҳаи 90 Русия шумори кормандони онро нисф кард.
"Комерсант" навиштааст, ки имрӯз бо пеш рафтани фановарӣ, дигар ниёзе ба он теъдод корманд нест.
Соли 2001, ки Шӯравӣ пойгоҳи Лурдесро баст, ҳазинаи солонааш, яъне иҷорабаҳои он ба Кубо 200 милюн дулор буд.
Кубо яке аз нуқоти меҳварии давраи ҷанги сард буд. Буҳрон бар сари истиқрори мушакҳои Шӯравӣ дар Кубо, ки соли 1962 даргирифт, наздик буд, ки як ҷанги атумӣ байни Омрико ва Шӯравӣ роҳ биандозад.
