Думои Русия қонуни ҳифзи иттилоъоти корбарони интернетро тасвиб кард

  • 5 Июл, 2014
ДумоImage copyrightRia Novosti
Image caption Намояндагони Думои Русия мегӯянд иттилоъоти корбарон бояд дар серверҳои дохилӣ нигаҳдорӣ шавад

Маҷлиси суфлои Русия пешнивиси қонунеро тасвиб карда, ки ба мӯҷиби он ширкатҳои интернетии хориҷӣ муваззаф мешаванд иттилоъоти шахсии корбарони русро дар дохили ин кишвар сабт ва захира кунанд.

Давлати Русия мегӯяд ҳадаф аз тасвиби ин қонун дар Думо (маҷлиси суфло) ҳифозат аз додаҳо ва тақвияту беҳбуди системи шабакаи маҷозии ин кишвар аст, аммо мунтақидон нигарон ҳастанд, ки ҳадафи воқеъӣ кунтрули шабакаҳои иҷтимоъӣ, монанди Фейсбук ва Твитер бошад.

Гуфта мешавад давлати Русия саъй дорад ба иттилоъоти бештаре аз корбарони шабакаҳои иҷтимоъӣ дастрасӣ пайдо кунад.

Муътаризон ва мунтақидони бозгашти муҷаддади Владимир Путин ба кохи риёсати ҷумҳурӣ дар соли 2012 ба таври густардае аз шабакаҳои иҷтимоъӣ барои тарҳи интиқодҳои худ истифода карданд.

Онҳо нигарон ҳастанд, ки давлати Русия бихоҳад шабакаи интернетии сонсуршуда ва маҳдудтаре дар дохили марзҳои ин кишвар эҷод кунад.

Қонуни ҷадид, ки дар маҷлиси суфло ба тасвиб расида, барои иҷроӣ шудан бояд тавассути маҷлиси аъло ва ҳамин тур, раисҷумҳурии Русия таъйид шавад.

Дар сурати тасвиби ниҳоӣ, қонун то сентябри 2014 иҷроӣ нахоҳад шуд, аммо дар айни ҳол заминаро фароҳам хоҳад кард, ки давлат битавонад баъзе сойтҳоро масдуд кунад.

Хабарнигори Би-би-сӣ дар Русия мегӯяд дар моҳҳои гузашта давлат саъй карда бар веблогҳо ва корбарони интернет назорати бештаре дошта бошад.

Вадим Денгин, яке аз намояндагони маҷлиси Русия, дар бораи ин лоиҳа гуфта бештари русҳо намехоҳанд иттилоъоти шахсии худро дар ҷое нигаҳдорӣ кунанд, ки дар дастраси Омрико бошад, дар ҳоле ки мумкин аст ҳак (рахна) шавад ва дар ихтиёри муҷримон қарор гирад.

Ба гуфтаи оқои Денгин, тамоми иттилоъоти шахсии мардум дар интернет аст ва ширкатҳо бояд марокизи нигаҳдорӣ ва ҳифозат аз додаҳоро дар дохили худи Русия таъсис кунанд.

Матолиби муртабит