Ҳушдори ҳафт кишвари санъатӣ ба Русия дар бораи таҳримҳои бештар
Image copyrightReutersҲафт кишвари санъатӣ дар як баёнияи муштарак, Русияро ба хотири "идомаи нақзи тамомияти арзии Укройн" маҳкум кардаанд ва ба он ҳушдор додаанд, ки дар ин бора омодаи вазъи таҳримҳои бештар ҳастанд.
Сарони кишварҳои Бритониё, Олмон, Итолиё, Жопун, Фаронса ва Конодо, ки барои нишаст дар Бруксел ба сар мебаранд, дар ин баёния гуфтаанд омодаи "ташдиди таҳримҳои ҳадафманд ва иқдомоти монеъдори бештар" барои муҷозоти Русия ҳастанд.
Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, ҳам дар ин бора ба хабарнигорон гуфтааст: "Мо наметавонем бесуботии бештар дар Укройнро таҳмил кунем."
Ӯ гуфтааст: "Мо қаблан ҳам тасреҳ кардаем, ки дар ин бора як рӯйкарди семарҳилаӣ дорем: Ҳимоят аз Укройн дар заминаи иқтисодӣ, музокирот бо Русия, ва агар пешрафте сурат нагирад, эҳтимоли таҳримҳои шадидтар ҳам вуҷуд дорад."
Ин нахустин нишасти кишварҳои санъатӣ пас аз он аст, ки Русияро ба хотири замима кардани Криме аз ин гурӯҳ ҳазф карданд ва аз Гурӯҳи ҳашт ба Гурӯҳи ҳафт табдил шуданд.
Нооромӣ дар шарқи Укройн, ки ҳамммарз бо Русия аст, дар рӯзҳои ахир болотар гирифтааст. Нерӯи ҷудоиталабони ҳаводори Русия в а нерӯҳои давлатӣ даргири ҳифзи мавозеъ ва пешравӣ ҳастанд.
Кишварҳои ғарбӣ Русияро муттаҳам мекунанд, ки дар идомаи нооромиҳо дар шарқи Укройн даст дорад. Маскав ин иттиҳомро рад мекунад.
Ин нишаст дар асл қарор буд дар Сучии Русия баргузор шавад, аммо ба ҳазфи Русия ба Бруксел, пойтахти Белжик, афтод, ки мақарри аслии ағлаби созмонҳо ва ниҳодҳои урупоӣ аст.
Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, дар сафар ба се кишвари урупоӣ ба сар мебарад.
Ӯ дар сафар ба Лаҳистон, ки пеш аз нишасти Бруксел буд, бо раиси ҷумҳурии мунтахаби Укройн дидор кард ва дар ин мулоқот ваъдаи кумакҳои бештари Омрико ба ин кишварро дод.
Масъалаи дидори се раҳбар дар Нурмондӣ
Раиси ҷумҳури Омрико ҳамчунин дар мапросими биступанҷумин солгарди суқути кумунисм дар Лаҳистон ба "тарфандҳои палиди" Русия тохт ва ибрози умедворӣ кард, ки Укройн улгуи Лаҳистонро дар муқовимат муқобили ишғол ва истибдод ва барқарории демукросӣ дунбол кунад.
Ин сафари оқои Убомо қарор аст бо ҳузури ӯ дар маросими бузургдошти ҳафтодумин солгарди пиёда шудани нерӯи мутафиқин дар Нурмондӣ поён бигирад.
Он амалиёт сарнавишти Ҷанги Ҷаҳонии Дувумпро рақам зад. Он замон Фаронса ҳанӯз дар ишғоли артиши Олмон буд ва амалиёти Нурмондӣ пешравии мутафиқин ва шикасти ниҳоии Олмони нозиро дар пай овард.
Ҳарчанд Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, дар нишасти Гурӯҳи ҳафт дар Бруксел ҳозир нест, вале дар маросими солгарди амалиёти Нурмондӣ дар Фаронса ҳузур дорад.
Бо ин ҳол, ин ду раиси ҷумҳур ҳанӯз барномае барои дидори дуҷониба дар дастури кори худ надоранд.
Петру Пурушенку, раиси ҷумҳури тозаинтихобшудаи Укройн, ҳам қарор аст пеш аз таҳлифаш дар ин маросим ҳозир шавад.
Ӯ гуфтааст, ки парҳезе аз дидор бо оқои Путин надорад.
Оқои Путин ҳам дар мусоҳибае бо як телевизиюни фаронсавӣ гуфтааст аз ҳеч кадом аз чеҳраҳои ҳозир дар даросим дурӣ намекунад.
