Боздошти ду сокини Русия ба занни лату кӯби як диплумоти тоҷик

  • 27 Июн, 2014

Пулиси Русия аз боздошти ду сокини ҷавони шаҳри Сан-Питерзбурги Русия ба занни лату кӯби як корманди кунсулгарии Тоҷикистон дар ин шаҳр хабар додааст.

Тавре ки расонаҳои Русия аз қавли кормандони интизомии он кишвар менависанд, ин ду ҷавон як моҳ қабл дар порки мавсум ба Московскийи шаҳри Сан-Питерзбург як корманди кунсулгарии Тоҷикистонро мавриди лату кӯб қарор дода буданд.

Ин воқеъа соъати 2:50 дақиқаи шаби гузашта ба вақти маҳаллӣ рух дода, аммо кормандони пулис тавонистаанд онҳоро танҳо имрӯз боздошт кунанд.

Пулиси Русия гуфтааст, ки ин ду ҷавони 19 ва 20-сола бо қарори васиқа озод шудаанд. Пулис ин воқеъаро авбошӣ унвон кардааст. Пулис онҳоро бар асоси моддаи 112-и Қонуни кайфарии Русия ба расондани осеби ҷисмонӣ ба фарде дигар муттаҳам кардааст.