Ироқ аз Русия ҳавопаймоҳои таҳвили сӯхт гирифт

  • 29 Июн, 2014
Image copyrightRIA Novosti

Ироқ гуфта, ки панҷ ҳавопаймои ҷангандаи "Сухуй" аз давлати Русия дарёфт кардааст, ки дар муқобила бо шӯришиёни суннимазҳаби ифротӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Мақомоти давлатии Ироқ гуфтаанд, ки ин панҷ ҳавопаймо, ки ба сурати дасти дувум харидорӣ шуда, то чанд рӯзи оянда алайҳи "теруристҳои" вобаста ба гурҳҳои мавсум ба Доъиш вориди амалиёти низомӣ хоҳад шуд.

Теъдоди бештаре аз ин ҳавопаймоҳо, ки гуфта мешавад аз навъи "Сухуй Su-30" ҳастанд, низ то чанд рӯзи дигар ба Ироқ хоҳанд расид.

Давлати Ироқ пештар дар қарордоде ба арзиши 500 милюн дулор аз Русия ҳавопаймои ҷанганда харида буд ва тасаввур меравад, ки ин панҷ ҳавопаймо аввалин гурӯҳи ҳавопаймои харидоришуда бошанд.

Бо ин ҳол, алорағми изҳороти мақомоти амниятии ироқӣ, бархе расонаҳои русӣ вуруди даҳ ҳавопаймои "Сухуй" ба Ироқро гузориш кардаанд.

"Такрит озод шуд"

Рӯзи шанбеи 27 июн телевизиюни давлатии Ироқ гузориш дод, ки артиш кунтрули шаҳраки Такритро аз исломгароёни суннии ифротии Доъиш пас гирифтааст ва наздик ба 60 нафар аз пайкорҷӯёни он гурӯҳ аз ҷумла фармондеҳони он кушта шудаанд.

Гурӯҳи пайкорҷӯи Давлати Исломии Ироқ ва Шом барои беш аз ду ҳафта кунтрули Такритрро дар даст дошт ва артиши Ироқ гуфт, ки дар пайи ҳамлаи рӯзи шанбеи 7 тир - 27 июн, Такритро аз нерӯҳои Доъиш "поксозӣ" кардааст.

Бино бар гузоришҳо, ҳазорон сарбози ироқӣ бо пуштибонии чархболҳои низомӣ дар ин амалиёт ширкат кардаанд.

Бо ин ҳол, гурӯҳи Доъиш ақибнишинӣ аз Такритро рад карда, вале таъйид кардааст, ки нерӯҳояш даргирии шадиде дар маҳдудаи Такрит доштаанд ва гуфтааст шӯришиён дар таъқиби нерӯҳои артиш ҳастанд.

Шаҳри Такрит зодгоҳи Саддом Ҳусейн, диктотури собиқи Ироқ аст.

Артиши Ироқ гуфтааст, ки рӯзи шанбеи 27 июн ба мавозеъи пайкорҷӯён дар шаҳри Мавсил дар шимоли Ироқ ҳам ҳамлаи ҳавоӣ кардааст.

Матолиби муртабит