Телевизиюни Ироқ: Артиш Такритро пас гирифт
Image copyrightAFPТелевизиюни давлатии Ироқ гузориш кардааст, ки артиш кунтрули шаҳри Такритро аз нерӯҳои Доъиш пас гирифтааст в наздик ба 60 нафар аз пайкорҷӯёни ин гурӯҳ, аз ҷумла фармондеҳони он кушта шудаанд.
Гурӯҳи пайкорҷӯи Давлати Исломии Ироқ ва Шом барои беш аз ду ҳафта кунтрули Тикритрро дар даст доштааст ва артиш эълом карда, ки дар пайи ҳамлаи рӯзи шанбеи 7 тир - 27 июн, Такритро аз нерӯҳои Доъиш "поксозӣ" кардааст.
Гурӯҳи Доъиш ин иддаъоро рад кардааст, ки нерӯҳояш даргирии шадиде дар маҳдудаи Такрит доштаанд ва ҳамакнун дар таъқиби нерӯҳои артиш ҳастанд.
Артиши Ироқ эълом кардааст, ки амалиёти густардаеро барои бозпас гирифтани шаҳри Такрит, дар шимоли Бағдод аз шибҳнизомиёни Доъиш оғоз кардааст ва нерӯҳои таковар, тонку чархболҳои низомӣ ва ҳамин тавр гурӯҳҳои мусаллаҳи суннии тарафдори давлат ва довталабони шиъа дар он ширкат доранд.
Бино бар гузоришҳо, ҳазорон сарбози ироқӣ бо пуштибонии чархболҳои низомӣ дар ин амалиёт ширкат кардаанд.
Шаҳри Такрит зодгоҳи Саддом Ҳусейн, раҳбари собиқи Ироқ аст.
Яке аз сокинони шаҳри Такрит ба хабаргузории Осушиэйтид Прес гуфтааст, ки мардум дар ҳоли фирор ҳастанд ва Такрит ба "шаҳри арвоҳ" табдил шудааст.
Хабари шурӯъи амалиёт барои пас гирифтани Такрит баъд аз он мунташир шуд, ки давлати Омрико истифода аз паҳподҳои мусаллаҳ бар фарози осмони Ироқро таъйид кард. Ҳадаф аз ин иқдом ҳифозат аз ҷони нерӯҳои омрикоии ҳозир дар Ироқ эълом шуд.
Гузоришҳое аз даргирии артиш бо нерӯҳои Доъиш дар бахшҳои дигаре аз Ироқ ҳам мунташир шудааст. Аз чумла ба нақл аз манобеъи хабарӣ дар маркази беҳдоштии Ироқ гузориш шуда, ки дастикам 20 нафар аз нерӯҳои артиш дар даргириҳое дар ҷануби Бағдод, пойтахти Ироқ, кушта шудаанд.
Гузориш шудааст, ки дар минтақае суннинишин дар ҳудуди 50 килуметрии ҷануби Бағдод даргириии шадиде брои чандин соъат дар ҷараён будааст.
Артиши Ироқ гуфтааст, ки рӯзи шанбеи 27 июн ба мавозеъи пайкорҷӯён дар шаҳри Мавсил дар шимоли Ироқ ҳам ҳамлаи ҳавоӣ кардааст.
Ҳамла ба манотиқи масеҳинишин
Усқуфи (раҳбари масеҳиёни) Арбил, шаҳри дигари шимоли Ироқ, мегӯяд ҳазорон масеҳии ошӯрии сокини рустоҳои атрофи Мавсил дар рӯзҳои ахир аз маҳалли зиндагияшон гурехтаанд.
Усқуфи Арбил ба Би-би-сӣ гуфт, ки нерӯҳои Доъиш ва шибҳинизомиёни пайкорҷӯи суннӣ ба ду минтақаи ошӯринишини Бағдидо ва Кармлис ҳамла кардаанд.
Бар асоси гузоришҳо, нерӯҳои пешмарги курд барои дифоъ аз ин манотиқ бо пайкорҷӯёни Доъиш даргир шудаанд.
Масеҳиёни ин манотиқ, ки аз даргириҳо гурехтаанд, ба Курдистони Ироқ паноҳ бурдаанд.
Доъиш, ки дар пайи эҷоди як ҳукумати исломӣ дар минтақа аст, пешравиҳои низомии худ дар Ироқро аз ҳудуди се ҳафта пеш ва бо ишғоли шаҳри Мавсил, бузургтарин шаҳри шимол, оғоз кард.
