Дархости Ироқ аз Омрико барои ҳамлаи ҳавоӣ ба Доъиш

  • 19 Июн, 2014
Image copyrightReuters
Image caption Ироқ ба таври расмӣ аз Омрико хоста ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи мавозеъи Доъишро оғоз кунад

Ироқ ба таври расмӣ аз Омрико хоста ҳамалоти ҳавоӣ алайҳи мавозеъи Доъишро оғоз кунад

Мортин Демпсӣ, фармондеҳи ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Омрико, ин тақозоро таъйид карда ва гуфта Омрико дархосте мабнӣ бар ҳамлаи ҳавоӣ алайҳи мавозеъи ҷиҳодӣ дарёфт кардааст.

Ин хабар баъд аз он эълом шуд, ки гурӯҳи Доъиш ҳамалоти густардаеро барои тасарруфи бузургтарин полоишгоҳи нафтии Ироқ дар шаҳри Байҷӣ оғоз кард.

Ин полоишгоҳ бештар сӯхти мавриди ниёзи дохили Ироқро таъмин мекунад ва нақши муҳимме дар иқтисоди ин кишвар дорад.

Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ, пештар аз мардуми кишвараш хост алайҳи шибҳнизомиён муттаҳид шаванд.

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, рӯзи чаҳоршанбе бо раҳбарони кунгре дар бораи Ироқ дидор кард.

Кохи Сафед дар иттилоъияе, ки баъд аз ин дидор мунташир кард, гуфт, ки оқои Убомо "талошҳои Омрико барои тақвияти зарфияти нерӯҳои амниятии Ироқ барои муқобила бо таҳдиди Доъиш ва аз ҷумла гузинаҳо барои кумаки амниятии бештарро баррасӣ кардааст.

Дар остонаи баргузории ҷаласа Ҳери Рид, сенотури демукрот гуфта буд "ба ҳеҷ унвон" аз мушорикати низомии сарбозони омрикоӣ дар Ироқ ҳимоят нахоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, женерол Демпсӣ дар ҷамъи сенотурҳо гуфта манофеъи миллии Омрико эҷоб мекунад бо Доъиш, ҳар ҷо ки ҳаст, муқобила кунад.

Раиси ҷумҳури Омрико пештар эъзоми сарбоз барои амалиёти размӣ дар Ироқро рад карда ва гуфта буд тасмимгирӣ дар бораи иқдоми низомии эҳтимолӣ дар Ироқ ба вақт ниёз дорад.

Оқои Убомо иқдоми низомӣ дар Ироқро ба талоши раҳбарони ин кишвар барои канор гузоштани ихтилофоти фирқаӣ машрут кардааст. Шарте, ки ба гуфтаи баъзе таҳлилгарон ба маънии гирифтани имтиёз аз давлати оқои Моликӣ аст.

"Иқдоми низомии бидуни ниёз ба иҷозаи кунгре"

Раҳбари ақаллияти ҷумҳурихоҳ ва аксарияти демукроти Сено гуфтаанд раиси ҷумҳурии Омрико қавл додааст кунгреро дар ҷараёни тасмимгирӣ дар ин бора нигаҳ дорад.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи Мич Мак Конел, раҳбари ақаллияти ҷумҳурихоҳ дар Сено, оқои Убомо дар бораи ин ки чи равише дар бораи Ироқ дар пеш мегирад, мунтазири иҷозаи кунгре намемонад.

Бархе мақомҳои давлати Омрико гуфтаанд аз онҷо ки давлати Ироқ аз Омрико хостааст мудохила кунад, Кохи Сафед барои иқдоми низомӣ ниёзе ба таъйиди кунгре надорад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷу Бойден, муъовини аввали раиси ҷумҳурии Омрико ва Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ дар бораи "иқдомоти бештари" эҳтимолӣ барои кумакрасонии Омрико ба Ироқ суҳбат кардаанд.

Image copyrightBBC World Service

Баёнияи Кохи Сафед мегӯяд ин ду дар гуфтугӯи телефунӣ равишҳои "хунсо кардани пешравиҳои теруристҳо"-ро матраҳ кардаанд.

Матолиби муртабит