Нахуствазири Курдистони Ироқ: Давлати худгардони суннӣ роҳи ҳалли муносибе аст
Image copyrightGettyЯк мақоми курди ироқӣ нисбат ба ҳифзи ваҳдати сиёсии Ироқ ибрози тардид карда ва худмухторӣ барои манотиқи суннинишинро роҳи ҳалле барои буҳрони кунунӣ донистааст.
Дар ҳоле ки нерӯҳои Давлати Исломии Ироқ ва Шом, Доъиш, ҳамчунон бахшҳое аз хоки Ироқро дар тасаллути худ дошта ва нишонае аз муваффақияти артиш дар бозпас гирифтани ин манотиқ дида намешавад, Начирвон Борзонӣ, нахуствазири давлати худмухтори иқлими Курдистони Ироқ, гуфтааст итминон надорад ин кишвар битавонад аз назари сиёсӣ якпорча боқӣ бимонад.
Оқои Борзонӣ дар мусоҳиба бо хабарнигори Би-би-сӣ гуфтааст, ки наметавон таъсири пешравиҳои ахири шибҳнизомиёни исломгаро, бахусус тасарруфи шаҳри Мавсилро нодида гирифт. Вай гуфааст: "Моҷаро бо тасарруфи Мавсил оғоз шуд ва ҳоло бояд Ироқи қабл ва баъд аз Мавсилро дар назар гирифт. Ба назари ман бисёр душвор аст, ки авзоъ воқеъан ба ҳамон вазъияте, ки қаблан буд, бозгардад."
Нахуствазири Курдистони Ироқ афзудааст, ки аъроби суннӣ эҳсос мекардаанд, ки давлати таҳти тасаллути шиъиён дар Бағдод ҳуқуқи оноро нодида гирифта ва аз ин вазъият нохурсанд будаанд. Вай гуфтааст: "Албатта наметавон инкор кард, ки Доъиш дар бурузи вазъияти кунунӣ муассир буда, аммо фақат мавзӯъ Доъиш нест. Вазъияти феълӣ натиҷаи сиёсатҳои иштибоҳи Бағдод дар қиболи манотиқи суннинишин аст."
Начирон Борзонӣ аз талоши сиёсӣ барои бозгардондани сулҳ ба Ироқ ҳимоят карда ва гуфтааст: "Роҳи ҳалли буҳрони кунунӣ, роҳи ҳалле низомӣ нест, балки ба як роҳи ҳалли сиёсӣ ниёз аст." Ба назари нахуствазири давлати Курдистони Ироқ, "беҳтарин роҳи ҳал ин аст, ки қабоил ва ҷавомеъи суннӣ дар раванди ҳалли сиёсии буҳрон мушорикат дода шаванд, зеро дар ҳоли ҳозир онҳо эҳсос мекунанд, ки дар ин маврид ғафлат шудааст."
Оқои Борзонӣ, ки аз ду сол пеш симати нахуствазирии давлати худгардони иқлими Курдистони Ироқро бар уҳда дошта, бархӯрдории аъроби суннӣ аз мавқеъияте мушобеҳи курдҳоро роҳи ҳалле муносиб дониста ва гуфтааст: "Бояд иҷоза дод манотиқи суннинишин худ тасмим бигиранд ва ба назари ман, ин (давлати худгардон) беҳтарин улгу барои онон аст."
Вай дар тавзеҳи назари худ афзудааст: "Дар дараҷаи аввал онҳо бояд тасмим бигиранд, ки дақиқан чи мехоҳанд ва ба назари мо бо таваҷҷуҳ ба ончи ки дар Мавсил рӯй дода, беҳтарин вазъияти эҷоди минтақаи худгардони суннинишин ҳамонанди мо дар Курдистон аст."
Ҳафтаи гузашта нерӯҳои гурӯҳи мавсум ба Давлати Исломии Ироқ ва Шом, ки як ташаккули исломгарои суннӣ аст, пас аз чанд ҳафта даргирии пароканда ва ишғоли манотиқе аз хоки Ироқ, шаҳри Мавсил, яке аз шаҳрҳои бузурги ин кишварро ҳадафи ҳамла қарор доданд ва дар ҳоле ки нафароти артиш ва пулиси давлати марказӣ аз баробари онон гурехта буданд, ин шаҳрро ба таври комил ба тасарруфи худ дароварданд.
Пас аз он нафароти Доъиш бар шаҳри Тикрит, яке дигар аз шаҳрҳои умдатан суннинишин низ мусаллат шуданд ва пешравӣ ба сӯйи Каркукро оғоз карданд. Зоҳиран ҳузури пешмаргаҳои курд ва ишғоли марокизи ҳассоси Каркук тавассути онон монеъ аз пешравии Доъиш дар устони Каркук ва тасарруфи шаҳри Каркук шуд. Аз замон суқути режими собиқи Ироқ, масъалаи илҳоқи Каркук ба иқлими Курдистони Ироқ ё боқӣ мондани он таҳти назари давлати марказӣ мавриди баҳс будааст.
Амалиёти Доъиш боъиси фирори даҳҳо ҳазор тан аз сокинони манотиқи даргирӣ ва таҳти тасаллути он шудааст, ки бисёре аз онон ба манотиқи иқлими худгардони Курдистон гурехта ва дар урдугоҳҳои муваққат искон ёфтаанд.
.
