Маҳкумияти ҳамалоти Доъиш дар Созмони Милал
Image copyrightAFPШӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ҳамалоти шибҳнизомиёни Доъишро маҳкум кардааст. Омрико ҳам бар тақвияти давлати Ироқ дар муқобила бо ин шӯришиён таъкид кардааст. Ин гурӯҳ ду шаҳри Мавсил ва Тикритро дар Ироқ дар ихтиёр гирифтаанд.
Созмони Милал ҳушдор додааст, ки вазъияти инсонӣ дар атрофи Мавсил, ҷое ки беш аз ним милюн нафар ба он гурехтаанд, "вахим аст ва бадтар мешавад."
Нурӣ Моликӣ, нахуствазири Ироқ, гуфтааст, ки нерӯҳои ин кишвар ба ши,ҳнизомиёни "Давлати исломии Ироқ ва Шом" муқобила мекунад.
Ӯ ваъда дод нерӯҳои низомӣ, ки бо фирор аз муқобили шӯришиён сабаби пешравии онҳо шудаанд, муҷозот шаванд.
Дар пайи гузоришҳои таъйиднашуда дар расонаҳои омрикоӣ дар бораи дархости давлати Ироқ барои ҳамлаи низомии Иёлоти Муттаҳида барои маҳори нерӯҳои Доъиш Кохи Сафед дар баёнияе эълом кард, ки дар ин бора ҳамчунон ба тақвияти Ироқ барои муқобилаи муваффақ бо таҳдиди ин гурӯҳи ифротӣ идома медиҳад.
Шӯришиён, ки гароиши зиддишиъӣ доранд, мавқеъияти худро дар Текрит таҳким мекунанд. Онҳо ин шаҳр, зодгоҳи Саддом Ҳусейнро рӯзи сешанбе дар ихтиёр гирифтанд; як рӯз пас аз он ки Мавсил аз бузургтарин шаҳрҳои Ироқро гирифта буданд.
Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар баёнияаш дар бораи рухдодҳои Мавсил шадидан ибрози таассуф кардааст.
Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милал, аз ҷомеъаи байналмилалӣ хостааст бо Ироқ, ки дар муқобили чунин чолиши амниятии ҷиддӣ аст, ҳамбастагӣ нишон диҳанд.
"Тавтеъа дар Нинво"
Алқоъида пештар дар баёнияе, ки иддаъо шуда аз тарафи Айман Завоҳирӣ, раҳбари Алқоъида, содир шуда, гуфта, ки Давлати исломии Ироқ ва Шом шуъбае аз Алқоъида нест.
Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳамчунин гаравгонгирии Туркия дар Мавсилро маҳкум кардааст.
Шибҳнизомиёни Доъиш ҳудуди 50 шаҳрванди Туркия, аз ҷумла саркунсул дар Мавсилро гирифтаанд.
Тибқи гузоришҳо, ин шибҳинизомиён дар шаҳр мегарданд ва ба мардум ҳатто шиъиён, мегӯянд, ки хатаре ононро таҳдид намекунад.
Яке аз афроде, ки бо хонаводааш аз ин шаҳр гурехтааст, мегӯяд: "Гуфтанд натарсед. Гуфтанд омодаем шуморо аз саркӯб озод кунем. Вале мо тарсида будем чун намедонем онҳо кӣ ҳастанд."
Нурӣ Моликӣ аз маҷлиси Ироқ хостааст, ки вазъияти фавқулъода эълом кунанд.
Ӯ дар як нутқи зиндаи телевизиюнӣ гуфт, ки дар Мавсил ва устони Нинво "тавтеъае" сурат гирифта ва боъис шудаст нерӯҳои амниятӣ фирор кунанд.
Моҳҳост, ки шибҳинизомиёни Доъиш бештари Нинворо дар ихтиёр доштаанд ва дар як ҳафтаи гузашта ба навоҳии дигаре дар ғарбу шимоли Ироқ ҳамла кардаанд.
Дар ду соли ахир даргириҳо ва хушунатҳои фирқаӣ дар Ироқ авҷ гирифтааст. Фақат дар моҳи гузаштаи мелодӣ ҳудуди 800 ироқӣ, аз ҷумла 603 шаҳрванди ғайринизомӣ, дар ин ҳамалот кушта шудаанд.
