Омрико хостори ваҳдати гурӯҳҳои ироқӣ барои шикасти Доъиш шуд
Image copyrightReutersДар вокуниш ба пешравии низомии Доъиш (Давлати исломии Ироқу Шом) дар бахшҳое аз Ироқ, Омрико бар идомаи ҳимоят аз давлати ин кишвар таъкид карда, аммо хостори ваҳдати қавмӣ ва фирқаӣ барои муқобала бо ин буҳрон шудааст.
Бо интишори гузоришҳое аз тасарруфи шаҳри Мавсил, маркази устони Найнаво, тавассути шибҳинизомиёни исломгарои гурӯҳи "Давлати исломии Ироқу Шом", ва гузоришҳое аз пешравии онон дар устони Каркук, давлати Омрико шароити Ироқро "бисёр вахим" тавсиф кардааст.
Ҷен Сокӣ, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико, гуфтааст, ки тасарруфи Мавсил тавассути шибҳинизомиёни Доъиш нишонгари вахимтар шудани шароити амниятии Ироқ аст.
Нерӯҳои омрикоӣ, ки бо ҳамлаи низомии соли 2003 вориди Ироқ шуда буданд, дар соли 2011 хоки ин кишварро тарк карданд. Аммо ба ирсоли мақодири қобили мулоҳизае кумакҳои низомӣ ва таслиҳотӣ ба давлати Ироқ идома доданд.
Бо ин ҳама, Ироқ ҳамчунон дастхуши нооромӣ ва ноамнӣ буда ва амалиёти мусаллаҳонаи гурӯҳи Доъиш, ки аз он бо унвони як ташаккули муншаъаб (ҷудошуда) аз шабакаи Алқоъида ном бурда мешавад, яке аз чолишҳои амниятии умда дар Ироқ маҳсуб мешавад.
Исломгароёни узви Доъиш дар ибтидо ба унвони ташаккули вобаста ба Алқоъида фаъъолият доштанд, аммо бо бурузи ихтилоф байни ин гурӯҳ ва раҳбарии Алқоъида аз ин шабака ҷудо шуданд, то ҳадафи ниҳоии худ, яъне истиқрори ҳукумати исломӣ ва иҷрои қавонини шаръ дар Ироқ ва Сурияро дунбол кунанд.
Сухангӯйи вазорати хориҷаи Омрико афзудааст, ки давлати Иёлоти Муттаҳида дар ҳамоҳангӣ бо давлати Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, ва соири мақомот ва гурӯҳҳои сиёсии он кишвар, аз ҷумла мақомоти давлати худмухтори иқлими Курдистони Ироқ, авзоъро аз наздик зери назар дорад.
Бархе нозирон гуфтаанд бо таваҷҷуҳ ба амалкарди заъифи воҳидҳои артиши муназзами Ироқ дар баробари амалиёти чирикии гурӯҳи Доъиш яке аз роҳҳои муқобала бо ин гурӯҳ истифода аз нерӯҳои курди ироқӣ аст.
Бо таваҷҷуҳ ба чанд даҳаи муборизаи чирикии курдҳои Ироқ алайҳи давлати марказӣ, ки то суқути Саддом Ҳусейн дар соли 2003 идома дошт, онон эҳтимолан аз таҷруба ва тахассуси қобили таваҷҷуҳе барои мутаваққиф кардани нафароти Доъиш бархурдоранд.
Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки пешмаргаҳои курд ба манзури ҷилавгирӣ аз пешравии нерӯҳои Доъиш дар минтақаи Каркук вориди амалиёт шудаанд.
Ҷен Сокӣ гуфтааст, ки давлати Омрико ба кумаки низомӣ ба Ироқ идома медиҳад ва афзуда, ки дар гузашта Иёлоти Муттаҳида мақодири қобили таваҷҷуҳе аслиҳа ва муҳиммот дар ихтиёри Ироқ гузошта, ки аз ҷумла шомили чархболҳои низомӣ будааст. Рӯзи гузашта гузориш шуд, ки нерӯҳои Доъиш бо тасарруфи фурӯдгоҳи Мавсил теъдоде чархболи мустақар дар ин фурӯдгоҳро низ ба ғанимат гирифтаанд.
Хонум Сокӣ хостори ваҳдати сиёсию фирқаӣ дар Ироқ шуда ва гуфтааст: "Тардиде нест, ки танҳо роҳи муқобала бо буҳрони кунунӣ ваҳдати тамомии гурӯҳҳо ва шахсиятҳои ироқӣ аст ва танҳо аз ин тариқ аст, ки метавон ба муваффақият расид."
Ташдиди ҳамалоти исломгароёни Доъиш дар ҳоле гузориш мешавад, ки Нурӣ Алмоликӣ дар пайи касби аксарияти порлумонӣ тавассути гурӯҳҳои шиъа дар интихоботи моҳи апрел ҳамчунон дар садади ташкили як давлати эътилофӣ аст.
Рӯзи гузашта оқои Моликӣ аз порлумони Ироқ хост, то барои муқобала бо хатаре, ки ин кишварро таҳдид мекунад, дар Ироқ вазъияти фавқулъода эълом шавад. Раиси маҷлиси Ироқ тасарруфи Мавсилро фоҷеъа хонда буд. Бар асоси гузоришҳои расида аз Ироқ, бо пешравии нафароти Доъиш дар Найнаво даҳҳо ҳазор тан аз сокинони ин минтақа маҳалли сукунати худро тарк карда ва бисёре аз онон озими иқлими худмухтори Курдистон шудаанд.
Бо вуҷуди ин ки низоми сиёсии Ироқ расман як низоми ғайридинӣ ва мубтанӣ бар касратгароии қавмӣ ва мазҳабӣ аст, аммо аз замони суқути Саддом Ҳусейн ташаккулҳои вобаста ба шиъиён, ки аксарияти ҷамъияти ин кишварро ташкил медиҳанд, дар интихоботи порлумонӣ пирӯз шуда ва дар раъси ҳукумат қарор гирифтанд. Муъолифони Нурӣ Алмоликӣ ӯро ба фирқагароӣ ва нодида гирифтани ҳуқуқи ақаллияти суннии Ироқ муттаҳам мекунанд.
Ин вазъияти боъиси нигаронии ақаллияти сунниҳои Ироқ шуда, ки то қабл аз суқути Саддом Ҳусейн қудрати сиёсиро дар ихтийр доштанд. Онон нигарони он ҳастанд, ки давлати марказӣ имтиёзоти сиёсӣ ва иқтисодии кишварро мунҳасиран дар ихтиёри шиъиён қарор диҳад.
Бархе нозирон гуфтаанд ин вазъият заминаи мусоъидеро барои баҳрабардории гурӯҳҳои тундрави суннӣ фароҳам овардааст. ҳатто гуфта мешавад, ки тарафдорони режими собиқи Ироқ низ тавонистаанд аз шароити кунунӣ суд баранд ва дар гурӯҳҳои мухталифи тундрав нуфуз кунанд.
Дар яке-ду соли ахир амалиёти хушунатомез, аз ҷумла бумбгузорӣ ва ҳамалоти интиҳорӣ дар Ироқ шиддат гирифта ва дар бисёре маворид марокиз ва маҳалҳои таҷаммуъи шиъиён ҳадаф қарор гирифтааст.
Бо густариши ҷанги дохилӣ дар Сурия Доъиш ба унвони як нерӯи мухолифи ҳукумати таҳти тасаллути алавиён дар он кишвар дар амалиёти низомӣ алайҳи нерӯҳои Башор Асад ширкат дошта ва бар бахшҳое аз манотиқи шарқии Сурия мусаллат шудааст.
Ҳадафи Доъиш ваҳдати Сурия ва Ироқ ва истиқрори ҳукумати исломӣ дар ин бахш аз Ховари Миёна аст.
Мавсил дар яке аз манотиқи нафтхези Ироқ воқеъ шуда, аммо ба гузориши манобеъи нафтӣ, таҳаввулоти низомии ахир таъсире фаврӣ бар арсаи нафт надорад, зеро манобеъи воқеъ дар минтақа дар дасти баҳрабардорӣ набудааст.
