Даҳҳо нафар дар чанд бумбгузории Ироқ кушта шуданд

  • 15 Январ, 2014
Image copyrightReuters

Дастикам 40 нафар дар як ришта бумбгузорӣ дар Ироқ кушта шудаанд.

Чаҳор худрави бумбгузоришуда дар чаҳор нуқтаи Бағдод, пойтахти Ироқ, беш аз 20 кушта ва шуморе бештар захмӣ бар ҷой гузошт.

Бумбгузориҳои Бағдод дар ҳарду минтақаи шиъа ва суннӣ рӯй додааст.

Дар ҳамин ҳол, дар як маросими хоксупорӣ дар рустое дар ҷануби Баъқуба, маркази устони Диёла, бумбгузории интиҳорӣ боъиси марги дастикам 16 нафар шудааст.

Ин бумбгузорӣ дар маросими хоксупории яке аз шибҳинизомиёни суннии ҳомии давлат иттифоқ уфтод.

Даргириҳои фирқаии Ироқ дар як соли гузашта афзоиш доштааст.

Чунин даргириҳое аз соли 2007 то кунун собиқа надоштааст.

Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд 7818 ғайринизомӣ ва 1050 нерӯи амниятӣ дар соли 2013 дар хушунатҳои Ироқ кушта шудаанд.

Фақат дар моҳи декабр шумораи кушташудагон 759 нафар будааст.

Image copyrightBBC World Service

Матолиби муртабит